Рӯзона чанд кӯдак дар Ғазза ҷони худро аз даст медиҳанд ?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121624-Рӯзона_чанд_кӯдак_дар_Ғазза_ҷони_худро_аз_даст_медиҳанд
 Порс тудей- Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ ( Онраво ) мизони маргу мири рӯзонаи кӯдакон дар Ғаззаро эълом кард .
(last modified 2025-08-25T02:37:26+00:00 )
Август 20, 2025 15:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯзона чанд кӯдак дар Ғазза ҷони худро аз даст медиҳанд ?
    Рӯзона чанд кӯдак дар Ғазза ҷони худро аз даст медиҳанд ?

 Порс тудей- Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ ( Онраво ) мизони маргу мири рӯзонаи кӯдакон дар Ғаззаро эълом кард .

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза , аз ҳафтуми октябри 2023 то 19 августи 2025 дар ҳамалоти режими Исроил ба Ғазза , 62 ҳазору 64 фаластинӣ шаҳид шудаанд . Ба гузориши Порс тудей , дар гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин омадааст : Шумори куллӣ захмиҳои ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза ба 156 ҳазору 573 нафар расидааст .

Дар ҳамин замина , Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ ( Онраво ) дар гузорише эълом кард ки рӯзона 28 кӯдак дар Ғазза ба шаҳодат мерасанд ва онҳо гуруҳе ҳастанд ки бештарини осебро аз ҷангу қаҳтӣ мебинанд .

Бар асоси ин гузориш , режими Исроил дар музокироти худ бо муқовимат , аз гуруснагӣ ба унвони абзори фишор истифода мекунад .

 Онраво таъкид кард ки таҳдидоти Исроил мабнӣ бар ишғоли Ғазза мунҷар ба шаҳодату захмӣ шудани ҳазорон нафари дигар хоҳад шуд ва вазъияти қаҳтӣ дар ин минтақаро бадтар мекунад .