Чанд дарсади шаҳидони Ғазза низомӣ ҳастанд?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121714-Чанд_дарсади_шаҳидони_Ғазза_низомӣ_ҳастанд
Порс Тудей - Рӯзномаи "Гардиан" ба ҳамроҳи ду нашрияи саҳюнистӣ гузорише мунташир кард, ки ин гузориш бар асоси додаҳои табақабандишудаи артиши Исроил таҳия шудааст.
(last modified 2025-08-27T09:22:58+00:00 )
Август 25, 2025 12:45 Asia/Dushanbe
  • Тасвирҳои шаҳидони фаластинӣ дар Ғазза
    Тасвирҳои шаҳидони фаластинӣ дар Ғазза

Порс Тудей - Рӯзномаи "Гардиан" ба ҳамроҳи ду нашрияи саҳюнистӣ гузорише мунташир кард, ки ин гузориш бар асоси додаҳои табақабандишудаи артиши Исроил таҳия шудааст.

Рӯзномаи "Гардиан" ба тозагӣ дар гузорише навишт, ки ба асноди маҳрамонаи Созмони иттилооти артиши Исроил (АМАН) даст ёфтааст. Ин аснод нишон медиҳад, аз ҳар шаш шаҳиди Ғазза панҷ нафарашон ғайринизомӣ ҳастанд. Бино ба гузориши Порс Тудей, таҳқиқи муштараки "Гардиан", нашрияи "+972" ва расонаи ибризабони "Local Call" нишон медиҳад, ки то поёни моҳи майи соли 2025 беш аз 53 ҳазор фаластинӣ дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд, ки аз ин теъдод, артиши Исроил танҳо 8900 нафарро нерӯи Ҳамос муаррифӣ кардааст.

Ба навиштаи "Гардиан", ин омор нишон медиҳад, ки 83 дарсади қурбониён дар Ғазза ғайринизомӣ будаанд.

Бар асоси ин гузориш, ин сатҳ дар муқоиса бо дигар ҷангҳо бисёр баланд аст; барои намуна дар ҷанги Украина ва Русия саҳми ғайринизомиён 10 дарсад гузориш шудааст.