Корбарони “X”: Ҳамос намояндаи мардуми Фаластин аст
-
Ҷунбиши муқовимати Фаластин, Ҳамос
Порс-Тудей. Корбарони шабакаи иҷтимоии “X”, Ҷунбиши муқовимати Фаластин, "Ҳамос"-ро намояндаи мардуми Фаластин хонданд, ки аз миллати худ дифоъ мекунанд.
Рӯзи сешанбеи 9 сентябр ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ҳарими ҳавоии Қатарро вайрон карда, аҳдофе дар Доҳа, пойтахти ин кишварро бомбаборон карданд. Маҳалли ин бомбаборон, макони баргузории мулоқоти ҳайати баландпояи “Ҳамос” ба раҳбарии Халил ал-Ҳайя дар минтақаи Электра буд. Дар ин росто корбарони шабакаи иҷтимоии “X”, низ пас аз ҳамлаи режими Исроил ба Қатар бо ҳадафи аз байн бурдани Ҳамос, аз ҷунбиши “Ҳамос” пуштибонӣ карданд.
Фотима, аз корбарони шабакаи иҷтимоии “X” навиштааст: "Ҳамос аз кишвари худ, Фаластин, дифоъ мекунад ва намояндаи мардумаш мебошад. Аммо режиме, ки сарзамини Фаластинро ишғол карда ва беш аз 64 000 нафарро шаҳид кардааст, террорист аст."
Як корбари дигари "Х", Алӣ Мардонӣ ба саҳюнистҳо навиштааст: "Вақте шумо, ки тақрибан 80 сол аст, сарзаминро ишғол кардаед, наслкушӣ ва ҷиноят кардед, оё интизор доред, ки Ҳамос, ки ҷонибдор ва аз мардуми Ғазза бархостааст, ба шумо як даста гул пешкаш кунад?! Ин чӣ фиреб аст! Инҳо посухҳои хушку холӣ ҳастанд. Дигар касе фиреби шуморо намехурад!"
Мукарама ҳамчунин гуфтааст, ки ишғоли комили Ғазза кафолати шикасти Ҳамос нест ва ин ҷунбиш ҳамчунон берун аз ҳисобҳои низомӣ фаъолият мекунад.
Атиёи Бахтиёрӣ ҳамчунин дар посух ба ин суол, ки чаро Ҳамос ба Исроил таслим намешавад, гуфт: "Зеро ин масъалаи як гурӯҳе нест, масъалаи ишғол ва саркӯби як миллат аст. Ҳамос таслим нахоҳад шуд, зеро намегузорад, ки миллати Фаластин нобуд шавад."
Корбаре бо номи Маҷид бо ишора ба нокомии режими саҳюнистӣ дар расидан ба аҳдофи худ, аз ҷумла тахриби Ҳамос дар Ғазза навишт: "Режим на метавонад Ғаззаро ишғол кунад, ва на қодир ба нобудии Ҳамос аст. Ин режим дар як ботлоқе аст, ки ҳатто наметавонад асирони худро озод кунад."
Абу Имод ал-Ҳарасӣ навиштааст: "Исроил сиёсати низомии худро, ки ҳадафаш аз байн бурдани мардуми Фаластин аст, бо куштор ва нобудсозӣ идома медиҳад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа режимҳои араб, бояд фавран иқдом кунанд ва аз Ҳамос ҳимоят кунанд, то ба наслкушӣ, ки ин режими ишғолгар оғоз кардааст, хотима диҳанд."
Майса Рифоат ҳамчунин навишт, ки арабҳо муваззафанд аз Ғазза дифоъ кунанд, бояд аз Ҳамос ва Ғазза дифоъ кунанд, то аз шарри режиме бо номи Исроил раҳо шаванд.
Сайид Алӣ Акбари Разавиён Ҳамосро касе медонад, ки бадӣ ва ҷиноёти Исроил ва шарикаш, Амрикоро фош мекунад. Вай гуфт: "Он чи чашми ҷаҳониёнро ба ҷиноятҳои Тел-Авив ва Вашингтон дар Ғазза боз кард ва ин ду шарикро дар ҷаҳон расво кард, муқовимати Ҳамос дар канори мардуми Ғазза буд."