Ғазза - кучактарин хок, бузургтарин дарси ватанпарастӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i122114-Ғазза_кучактарин_хок_бузургтарин_дарси_ватанпарастӣ
Порс-Тудей. Ғазза дигар як нуқтаи муҳосирашуда нест, балки садои ҳар пиру ҷавоне аст, ки дар миёни вайронаҳо, фарёди мондан дар ватанро танинандоз мекунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 26, 2025 17:33 Asia/Dushanbe
  • Ғазза - бузургтарин дарси ватанпарастӣ
    Ғазза - бузургтарин дарси ватанпарастӣ

Порс-Тудей. Ғазза дигар як нуқтаи муҳосирашуда нест, балки садои ҳар пиру ҷавоне аст, ки дар миёни вайронаҳо, фарёди мондан дар ватанро танинандоз мекунад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар кӯчае ки албатта дигар шабеҳи кӯча нест, зани солхурдаи фаластинӣ бо қаде хамида, аммо истода роҳ мераваду муқобили дурбине, ки аз ӯ ба унвони сабти таърих филм мегирад, мегӯяд: “Охирин қатраи хунамро бар ин хок мерезам, аммо ҳаргиз сарзаминамро тарк намекунам”.

Ин садо шабеҳ ба ҳазорон садоест, ки Ғаззаро на ба унвони шаҳре муҳосирашуда, ки саҳнаи бузургтарин дарси инсони муосир барои “мондан дар хок” медонад.

 

Абъоди инсонӣ - ривоятҳои кучак дар дили фоҷеа

Ғазза имрӯз беш аз ҳар нақшаву гузориши иҷтимоӣ, бо ҷузъиёти зиндагии рӯзмарраву инсонӣ таъриф мешавад. Писаре даҳсола рӯи пилаҳои шикастаи хонааш нишаста ва аслан намедонем кадом як аз аъзои хонаводааш ӯро дар ин масири сахт ҳамроҳӣ мекунад, бародаре, ки дар сафи об истодааст, падаре, ки дар дасташ калиди кошонаашро мефишорад, калиди хонае, ки дигар вуҷуд надорад, аммо ҳанӯз бахше аз ҳувияти ӯст. Дидани ин тасовир дар канори ҳам чизе фаротар аз трагедия аст ва бояд гуфт, ки инҳо намодҳое аз истодагӣ ҳастанд. Ҳамон истодагӣ, ки дар адабиёти фаластинӣ ба он “самуд” мегӯянд; вожае ки фаротар аз муқовимати низомӣ, маънои мондан дар хоку ҳифзи решаҳоро дорад.

 

Шеъру адабиёти муқовимати Фаластин

Аз нимаи қарни бистум ба баъд, шоирони фаластинӣ монанди Маҳмуди Дарвеш, Самеҳ Қосим, Фадавии Тавқон ва … борҳо ба ҳамин мазмун пардохтаанд: пайванди ногусастании инсон бо хоки ватан. Шеъру адабиёт дар Фаластин танҳо ҳунар набуда, балки забони сиёсиву фарҳангии насле буда, ки имкони ҳузур дар расонаҳо ё маҷолиси расмиро надоштааст. Вақте мебинем, ки зани фаластинӣ навзодашро дар бағал гирифта ва рӯи хоки овор истодааст, дар воқеъ ҳамон чизеро фарёд мезанад, ки ин шоирон солҳо пеш дар қолаби истиораву вожа офарида буданд. Инки ватан чизе нест, ки қобили ҳамл ё фурӯш бошад; ватан ҷоест, ки бояд ҳатто дар сахттарин шароит дар он монд.

 

Маънои “мондан” дар сиёсату таърих

Барои бисёре аз мардуми Ғазза тарки хона танҳо ба маънои наҷоти ҷон нест, ба маънои вогузории таърихӣ аст, таҷрибаи “явмул накба” дар соли 1948 ҳанӯз дар ёдҳо ҳаст, вақте садҳо ҳазор фаластинӣ ба умеди бозгашт хонаҳояшонро тарк карданд ва ҳаргиз натавонистанд баргарданд. Имрӯз касоне ки тасмим мегиранд дар миёни овор бимонанд, дар воқеъ бо таърих гуфтугӯ мекунанд: такрор накунем он чӣ як бор бар сарамон омад.

Ғаззаи имрӯзро метавон бузургтарин парадокси қарн донист: ҷуғрофиёи кучак, ки ҳамзамон ҳам маргбортарин минтақаи ҷаҳон аст ва ҳам пурсадотарин клоси дарси ишқ ба ватан.

Он зани солхурда, ки дар миёни овор истода, шояд дар ҳеҷ китоби таърихе сабт нашавад, аммо ӯ ва ҳазорон ҳамонанди ӯ, маънои ҷадиде ба калимот додаанд ва он ин аст, ки ватан ҳатто дар хомӯшии дастгоҳҳои кислород ва дар сафҳои об, ҳамчунон зиндааст.