Аз оғози амалиёти Тӯфонулақсо то кунун чанд низомии саҳюнист кушта шудаанд?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i122268-Аз_оғози_амалиёти_Тӯфонулақсо_то_кунун_чанд_низомии_саҳюнист_кушта_шудаанд
Порс-Тудей. Рӯзномаи саҳюнистии “Ҷерусалим пост” гузорише дар бораи теъдоди низомиёни саҳюнисти кушташуда дар Ғазза мунташир кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 06, 2025 11:26 Asia/Dushanbe
  • Аз оғози амалиёти Тӯфонулақсо то кунун чанд низомии саҳюнист кушта шудаанд?
    Аз оғози амалиёти Тӯфонулақсо то кунун чанд низомии саҳюнист кушта шудаанд?

Порс-Тудей. Рӯзномаи саҳюнистии “Ҷерусалим пост” гузорише дар бораи теъдоди низомиёни саҳюнисти кушташуда дар Ғазза мунташир кард.

Рӯзномаи саҳюнистии “Ҷерусалим пост” рӯзи якшанбе дар гузорише ба нақл аз артиши режими саҳюнистӣ навишт: Аз ҳафтуми октябри соли 2023 то кунун як ҳазору 152 низомии саҳюнист кушта шудаанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин омори мунташиршуда шомили низомиёни кушташудаи артиш, полис ва сервиси Шобоку неруҳое, ки дар навори Ғазза, манотиқи ҷанубӣ ва шимолии сарзаминҳои ишғолӣ ва Лубнон ва ҳамчунин дар Каронаи бохтарӣ мустақар буданд, аст.

Гуфтанӣ аст, режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри соли 2023 ҷанги вайронгареро алайҳи сокинони борикаи Ғазза ба роҳ андохтааст, ки бар асари он  афзун бар вайрониҳои азиму қаҳтии маргбор, беш аз ҳазорон фаластинӣ, ки бештари онҳо зану кӯдак ҳастанд, шаҳиду захмӣ шудаанд.