Буҳрони режим | Афзоиши мушкилоти равонӣ , танҳоӣ ва талоқ дар арозии ишғолӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i122286-Буҳрони_режим_Афзоиши_мушкилоти_равонӣ_танҳоӣ_ва_талоқ_дар_арозии_ишғолӣ
Порс Тудей - Дар остонаи дуюмин солгарди амалиёти « Тӯфони Алақсо » , анҷумани кумакҳои равонии Исроил эълом кард ки аз оғози ҷанги Ғазза токунӯн беш аз 637 ҳазор тамос изтирорӣ дарёфт карда ки ин оморҳо аз афзоиши бе собиқаи изтироб , трумо , эҳсоси танҳоӣ ва талош барои худкушӣ дар миёни шаҳрвандон ва низомиёни исроилӣ ҳикоят дорад .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 07, 2025 17:57 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони режим | Афзоиши мушкилоти равонӣ , танҳоӣ ва талоқ дар арозии ишғолӣ
    Буҳрони режим | Афзоиши мушкилоти равонӣ , танҳоӣ ва талоқ дар арозии ишғолӣ

Порс Тудей - Дар остонаи дуюмин солгарди амалиёти « Тӯфони Алақсо » , анҷумани кумакҳои равонии Исроил эълом кард ки аз оғози ҷанги Ғазза токунӯн беш аз 637 ҳазор тамос изтирорӣ дарёфт карда ки ин оморҳо аз афзоиши бе собиқаи изтироб , трумо , эҳсоси танҳоӣ ва талош барои худкушӣ дар миёни шаҳрвандон ва низомиёни исроилӣ ҳикоят дорад .

Ба гузориши Порс Тудей , шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард ки дар остонаи дуюмин солгарди « амалиёти Тӯфони Алақсо » , анҷумани кумакҳои аввалияи равонии Исроил ( Арран ) , рӯзи душанбе дар гузорише фош кард , аз оғози ҷанги Ғазза токунӯн , омори ироа шуда аз замони таъсӣси ин анҷуман дар соли 1971 , бесобиқааст .

Бар асоси ин гузориш , эҳсоси танҳоӣ дар миёни саҳюнистҳо ва парешонӣ дар равобити байни фардӣ ва  даруни хонаводагӣ , ба дуву ним баробар бештар аз моҳҳои оғози ҷанги Ғазза расидааст ; ба тавре, ки марокизи ин анҷуман ҳудӯди 13 ҳазор талош барои худкушӣ сабт кардаанд ва 12 ҳазор нерӯи низомии исроилӣ низ ағлаб ба далели изтиробу фишори равонӣ бо ин марказ иртибот барқарор кардаанд .

« Давид  Корн » , мудир омили анҷумани ҳимояти равонии Исроил дар ин бора гуфт : Дар ду соли гузашта , буҳрони равонӣ дар миёни исроилиҳо беш аз пеш ташдид шуда ва онҳоро гирифтор кардааст .

Корн ҳушдор дод ки паёмадҳои равонии ҷанги Ғазза дар солҳои ояндаи фаротар аз ин мизон хоҳад буд ва Исроилиҳо ба далели хастагии равонии мудовим , изтироби вуҷӯдӣ ва эҳсоси танҳои фазоянда , ҳамчунон баҳои равонии сангиниро хоҳанд пардохт .

« Шири Дениелс » пизишку мудири дохилии анҷумани ҳимояти равонии Исроил низ бо ибрози нигаронии нисбат ба ин масаъла гуфт : Додаҳои ин анҷуман нишон медиҳад ки фарсойиши мудовими тобоварӣ иҷтимоӣ ва хонаводагӣ ва афзоиши хатар дар миёни ҷамъиятҳои ҳассоси исроилӣ ба шиддат боло рафтааст .

Дениелс , бо тасреҳ бар инки парешонии хомӯш ва изтироби вуҷӯдӣ ба амалкарди рӯзонаи афрод , хонаводаҳо ва иҷтимоӣ осеб мерасонад , афзӯд : Бо тавваҷуҳ ба инки вазъияти изтирории доимии ҷанги тӯлони муддат ба худии худ шароитии ғайриқобилии таҳаммул барои равони инсонҳо эҷод мекунад , бо гузашти замон , мумкин аст осебҳои систематики ношӣ аз ҷанг , мизони тавонои бозёбии равон , пардозиши таҷрибиёт ва тармими эътимоди афрод ба ҷаҳон ба унвони макони амнро вориди буҳронӣ тоза кунад .

Ин ҳушдорҳо дарҳоле. аст ки ҳудӯди як моҳи пеш , идораи тавонбахшии Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ фош кард ки аз оғози ҷанги Ғазза токунӯн , беш аз 20 ҳазор низомии маҷрӯҳи исроилӣ дар бахши тавонбахши бистарӣ шудаанд ки ҳудӯди 56 дарсад аз онҳо бо мушкилоти равонии ҷадиде дасту панҷа нарм мекунанд . Афзӯн бар ин , теъдоди маҷруҳони низомии исроилӣ ба авҷи худ яъне ба беш аз 80 ҳазор нафар расида ки 31 ҳазор нафар аз онҳо дучори ихтилолоти равонии стресс шудаанд .

Дар ҳамин росто , расонаҳои саҳюнистӣ бо ишора ба паёмадҳои сангин ва манфии ҷанги Ғазза гузориш доданд ки бисёре аз низомиёни саҳюнистӣ дучори афсурдагиҳои шадид шудаанд ва шумори талоқҳо дар миёни онҳо низ раванди суъӯдӣ пайдо карда ва кӯдакони ин низомиён ҳам аз осебҳои равонии густарда ранҷ мебаранд .