Чаро гурӯҳҳои фаластинӣ иҷлоси Sharm El-Sheikh-ро нокоромад медонанд ?
-
Чаро гурӯҳҳои фаластинӣ иҷлоси Sharm El-Sheikh-ро нокоромад медонанд ?
Порс Тудей - Ҷунбиши Ҳамос , дар баёнияе бидӯни эътино ба Иҷлоси « Sharm El-Sheikh» бар зарурати таҳаққуқи ҳуқуқи машрӯъи фаластиниҳо таъкид кард .
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин « Ҳамос » дар баёнияе зимни табрики озодии усарои фаластинӣ аз зиндонҳои режими саҳюнистӣ , ин мавзӯро як дастоварди миллии торихӣ донист ва эълом кард : Муқовимат ва пойбандӣ ба ҳуқуқи миллии Фаластин , танҳо роҳи озодии хок аз ишғоли саҳюнистҳо , бозгашти оворагону ташкили кишвари мустақил Фаластинаст . Ҳамос ҳушдор дод масъӯлони режими саҳюнистӣ ба вижа Бинёмин Нитониёҳу , нахуствазир ваИтамар Бен-Гвир ва Бузолал Исмотрич аз аъзои Кабина наметавонанд монеъ аз хушҳолии мардуми Фаластин аз дастовардҳои муқовимат шаванд .
Дар Иҷлоси Sharm El-Sheikh ки рӯзи душанбеи 13 октябр дар Миср баргузор шуд , ба иддаои мақомоти амрикоеӣ ҳадафи аслии дастёбӣ ба тавофуқи оташбас ва поён додан ба ҷанги Ғазза буд , дар шароитӣ ки ҷунбишҳои муқовимати фаластинӣ монанди Ҳамосу Ҷиҳоди исломӣ дар ин нишаст ширкат накарданд .
Муқовимати Фаластини иҷлоси Sharm El-Sheikh-ро фоқиди машрӯъият ва беасар дар таҳаққуқи ҳуқуқи воқеии миллати Фаластин медонад ва ба далели ҳузур надоштани мустақим дар музокирот , увлавиятҳои худро мустақил аз равандҳои диплумотик дунбол мекунад . Беэътимодӣ ба нақши Амрико ба унвони миёнҷӣ , ба вижа бо тавваҷуҳ ба ҳимояти таслеҳотӣ ва сиёсии Вашингтон аз режими саҳюнистӣ , боис шуда муқовимати фаластинӣ Иҷлосро на талошии воқеӣ барои сулҳ балки дар воқеъи намоиши сиёсӣ бидонад .
Husam Badran , узви дафтари сиёсии Ҳамос , ҳушдор дод ки дар сӯрати нақзи оташбас аз тарафи режими саҳюнистӣ , муқовимат посух хоҳад дод ва ҳеҷ тавофуқӣ набояд ба маънои ақабнишинӣ аз усӯли муқовимат талаққӣ шавад . Муқовимати фаластинӣ муътақидаст ки тавофуқҳои бидӯни замонати иҷроӣ ва бидӯни ҳузури мустақими тарафҳои даргир , пойдор нахоҳанд буд .
Муқовимати Фаластини Иҷлоси Sharm El-Sheikh -ро бахше аз равандӣ медонад ки бештар ба ҷои тавваҷуҳ ба ҳуқуқи воқеии миллати Фаластин , ба манофеи қудратҳои бузург ва режими саҳюнистӣ тавваҷуҳ дорад . Гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ бар ҳақи бозгашти оворагон , поёни ишғолгарӣ , таваққуфи шаҳраксозӣ ва озодии усаро таъкид доранд ва ин маворидро дар авлавияти худ қарор медиҳанд , ҳатто агар дар музокироти расмӣ матраҳ нашаванд .
Давлати Амрико дар шароитии иддаои миёнҷигарӣ дорад ки ҳомии аслии низомӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ аст ва ин боис шуда ки муқовимати Фаластин , нақши Вашингтонро ҷонибдорона ва ғайримунсифонаи бидонад . Муқовимати фаластинӣ , ба вижа гуруҳҳоӣ монанди Ҳамосу Ҷиҳоди исломӣ , ба иҷлосҳоӣ монанди Sharm El-Sheikh бе эътимоданд зеро ин нишастҳоро бахше аз равандҳои сиёсӣ медонанд ки ба ҷои таҳаққуқи ҳуқуқи миллати Фаластин , бештар дар хизмати тасбити вазъияти ишғолгарӣ ва манофеи режими саҳюнистӣ ва қудратҳои ғарбӣ аст .
Ҳамосу Ҷиҳоди исломӣ ҳамчунин иҷлосҳоӣ монандиSharm El-Sheikh -ро фоқиди эътибор , бенатиҷа ва дар тазод бо ормонҳои миллати Фаластин медонанд ва тарҷеҳ медиҳанд авлавиятҳои худро аз тариқи муқовимати майдонӣ ва музокироти ғайрирасмӣ бо миёнҷиҳои минтақаӣ дунбол кунанд .
То замоне, ки иҷлосҳоӣ монандиSharm El-Sheikh бидӯни ҳузуру мушорикати воқеии тарафҳои аслӣ , бидӯни тавваҷуҳ ба ҳуқуқи бунёдини миллати Фаластин ва бо меҳварияти қудратҳои ғарбӣ баргузор шаванд , наметавонанд ба таҳаққуқи ҳуқуқи фаластиниҳо мунҷар шаванд . Ҳамосу Ҷиҳоди исломӣ , муқовиматро на сарфан вокунишӣ ба таҷовузот , балки роҳбурдии баландмуддат барои таҳаққуқи ҳуқуқи миллати Фаластин медонанд . Ин гуруҳҳо муътақиданд ки бидӯни фишори майдонӣ ва истимрори мубориза , ҳеҷ созукори диплумотики қодир ба таъмини хостаҳои фаластиниҳо нахоҳад буд .
Иҷлосҳоӣ монандиSharm El-Sheikh , аз нигоҳи муқовимат , таҳти нуфузи Амрико ва муттаҳидони ғарбии он баргузор мешаванд ки ағлаб дар пайи тасбити вазъияти ишғолу одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ҳастанд . Ин бе эътимодӣ реша дар таҷрибаҳои торихӣ аз тавофуқҳо ё оташбасҳои муваққати қаблӣ дорад ки ба нафъи режими саҳюнистӣ тарроҳӣ шуданд , дар шароите. ки ба ҳуқуқи машрӯъи фаластиниҳо ҳеҷ таваҷҷӯҳе нашуд .
Ҳамосу Ҷиҳоди исломӣ бо такя бар таҷрибаҳои торихӣ , таҳлили сохтори сиёсии иҷлосҳо , ва таъкид бар усӯли муқовимат , ба ин натиҷа расидаанд ки танҳо аз тариқи муқовимати майдонӣ ва фишори мустамар метавон ҳуқуқи миллати Фаластинро эҳё карду иҷлосҳоӣ монанди Sharm El-Sheikh , дар масири таҳаққуқи адолат барои фаластиниҳо нестанд балки абзори мудирияти буҳрон ва тасбити ишғоланд .