Бозхонии ҷиноёти Ғарб| Куштори Аломирияи Бағдод - оинаи тамомнамои бераҳмии амрикоӣ + АКС
-
Аксҳои қурбониёни куштори Аломирия
Порс-Тудей. Куштори Аломирияи Бағдод яке аз намунаҳои ошкори бераҳмиву сангдилии неруҳои амрикоӣ дар Ироқ аст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, куштори Аломирияи Бағдод на танҳо дар ҳофизаи мардуми Ироқ, балки дар виҷдони ҷаҳониён ба унвони санаде аз хушунати бепояву ғайриинсонӣ сабт шудааст. Ин рӯйдод ҳамчун бисёре аз фоҷеаҳои дигар дар даврони ишғоли Ироқ нишон дод, ки сиёсатҳои низомии Амрико дар минтақа беш аз он ки ба дунболи амнияту субот бошад, ба тахриб, куштори ғайринизомиён ва эҷоди тарсу ваҳшат мунҷар шудааст.
Соатии чаҳоруними бомдоди 13 феврали 1991 паноҳгоҳи Аломрия дар Бағдод, ки мизбони садҳо зан, кӯдак ва ғайринизомии бепаноҳ буд, ба ҷаҳаннаме аз оташу фӯлод табдил шуд. Дар авҷи ҷанги халиҷи Форс, ду бомбаи ҳидояти лазерии 2000 пундии GBU – 27-и раҳошуда аз як ҷангандаи F - 117 амрикоӣ, ин паноҳгоҳи зеризаминиро ҳадаф қарор дода ва онро нобуд кард. Дар ин ҳамла аввалин бомба ба сақфи паноҳгоҳ бархурд кардаву муҷиби эҷоди сурохи бузург дар сақф мешавад ва бомбаи дувум низ бо вуруд аз ин ҳуфра ё сурох ба дари вурудии табақаи аввал, ки шаш тон вазн ва ним метр қутр дошт, бархурд мекунад ва дар ҳоле ки афроди дохили он ҳангоми ҳамла дар хоб буданд, дарҳои паноҳгоҳ оташ гирифт ва касе натавонист аз он хориҷ шавад. Ҳамчунин имкони вуруд ба паноҳгоҳ барои наҷот низ вуҷуд надошт. Аломирияи Бағдод маҳаллае пурҷамъияту умдатан маскунӣ буд, ки мавриди ҳамлаи амрикоиҳо қарор гирифт. Он чи ин кушторро беш аз пеш такондиҳанда месозад, набуди ҳеҷ гуна ҳадафи низомии мушаххас дар минтақа буд. Ба иборати дигар, қурбониёни ин ҳодиса сирфан шаҳрвандоне оддӣ буданд, ки зиндагии рӯзмарраи худро мегузарониданду ногаҳон дар оташи ҳамалоти Амрико сӯхтанд.
Ончӣ дар дили ин паноҳгоҳ гузашт, фаротар аз ҳар тавсифе аст; гармои сӯзону оташ, ки ҷони садҳо инсонро дар касре аз сония гирифт; шиддати ҳарорат ба ҳадде буд, ки пӯст аз бадан канда мешуд ва бар рӯи деворҳои бетонӣ изи дастони қурбониёне, ки барои фирор аз ин дӯзах талош мекарданд, барои ҳамеша ба ёдгор монд.
Бархе аз аҷсод ба ҳадде сӯхтаву дарҳам омехта буданд, ки гӯӣ дар оби ҷӯш ғалтонда шудаанд; саҳнае ки ҳар бинандаеро то поёни умр меозорад. Вақте дӯдҳо фурӯ нишаст, тасовире берун омад, ки виҷдони ҷаҳонро ба ларза даровард. Пайкарҳои обшудаи модароне, ки кӯдаконашонро дар оғӯш гирифта буданду асбоббозиҳои сӯхта дар канори аҷсоди беҷони кӯдакон.
Умар Маҳмуд, аз осебдидагони ин воқеа дар бораи қурбониён гуфт: “Эҳсос мекунам фаромӯш шудаанд, ҳеҷ кас онҳоро ба ёд намеоварад. Ҳеҷ кас намедонад онҳо чӣ касоне ҳастанд”.
Ин ҳамла, ки ба марги дастикам 408 ғайринизомии ироқӣ мунҷар шуд, як трагедияи инсонии бераҳмона буд. 261 нафар аз онҳо зан ва 62 нафарашон кӯдаку хурдсол буданд. Кучактарин қурбонӣ як навзоди ҳафтрӯза буд ва ҳеҷ асаре аз ӯ бар ҷой намонд.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида бо иддаои ин ки тасаввур мекарданд ин макон ба унвони як маркази фармондеҳӣ истифода шудааст, ҷинояти худро тавҷеҳ карданд. Аммо Афви Байналмилал ва нозирони ҳуқуқи башар ин иддаоро ба таври қотеона рад кардаву таъкид карданд, ки ҳеҷ шавоҳиди мутақоидкунандае дар хусуси истифодаи низомӣ аз он паноҳгоҳ вуҷуд надорад.
Ин кушторро метавон дар чорчӯби сиёсати куллии Амрико дар Ироқ таҳлил кард. Дар куштори маҳаллаи Аломирияи Бағдод дар соли 1991, амрикоиҳо ҳамлае кӯркӯрона, ки ҳеҷ дастоварди низомӣ надошт ва танҳо хуни бегуноҳонро бар замин рехт, анҷом доданд. Пас аз ишғоли Ироқ дар соли 2003 низ неруҳои амрикоӣ борҳову борҳо ба баҳонаи мубориза бо терроризм ё муқобила бо шӯришиён, манотиқи маскуниро бомбаборон карданд. Аммо воқеият ин аст, ки чунин иқдомоте бештар ба куштори ғайринизомиён анҷомид то нобудии гуруҳҳои мусаллаҳ.
Аз манзари ҳуқуқи байналмилал, куштори Аломирияи Бағдод нақзи ошкори усули инсонӣ ва қавонини ҷангӣ аст. Конвенсияҳои Женева ба сароҳат бар зарурати ҳифозат аз ғайринизомиён дар замони ҷанг таъкид доранд. Аммо Амрико бо беэътиноӣ ба ин усул, борҳо муртакиби ҷиноёти ҷангӣ шуд. Аломирияи Бағдод яке аз мисдоқҳои равшани ин ҷиноёт аст, ки бояд дар додгоҳҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва пайгард қарор гирад. Сукут ё беамалии ниҳодҳои ҷаҳонӣ дар баробари чунин фоҷеаҳое, худ ба маънои ҳамдастӣ дар ин ҷиноёт талаққӣ мешавад.
Куштори Аломирияи Бағдод ҳамчунин дар расонаҳои ҷаҳонӣ бозтоб ёфту бори дигар чеҳраи воқеии сиёсатҳои Амрико дар Ироқро ошкор кард. Тасовиру гузоришҳои мунташиршуда аз аҷсоди кӯдакону занони бегуноҳ, афкори умумии ҷаҳонро такон дод. Бисёре аз таҳлилгарон ин ҳодисаро намунае аз шикасти ахлоқиву инсонии Амрико донистанд, ки нишон медиҳад қудрати низомӣ бидуни пойбандӣ ба усули инсонӣ, чизе ҷуз вайрониву нафрат ба бор намеоварад.
Аз сӯи дигар, ин куштор паёмадҳои иҷтимоӣ ва равонии густардае барои мардуми Ироқ дошт. Чунин фоҷеае ба афзоиши нафрати умумӣ аз Амрико анҷомид. Куштори Аломирияи Бағдод ҳамчун захми амиқе бар пайкари Ироқ боқӣ мондааст. Ироқиҳо бо гузашти 35 сол аз он рӯз, ҳанӯз ҷинояти Ҷорҷ Буши падарро фаромӯш накардаанд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҳанӯз қотилону омилони ин ҷиноят муҳокима нашудаанд. Ин захм танҳо бо адолату ҳақиқат илтиём меёбад. То замоне ки омилони ин ҷиноят посухгӯ нашаванд, ин ҳодиса ҳамчунон ба унвони намоди бераҳмиву қасовати Амрико дар ҳофизаи таърихии мардуми Ироқ ва ҷаҳон боқӣ хоҳад монд.
Дар ниҳоят, куштори Аломирияи Бағдодро бояд санаде дигар бар сангдилии амрикоиҳо донист. Ин ҳодиса на танҳо ёдовари ранҷҳои мардуми Ироқ аст, балки ҳушдоре барои ҷаҳониён аст, ки бетафовутӣ дар баробари чунин ҷиноёте, роҳро барои такрори онҳо дар оянда ҳамвор месозад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони сулҳу адолат аст, бояд ин ҷиноётро ба расмият бишносад, омилони онро муҳокима кунад ва аз такрори чунин фоҷеаҳое пешгирӣ намояд.