Таҳримҳо чи гуна ҳаёти донишгоҳии Исроилро таҳдид мекунад ?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i123474-Таҳримҳо_чи_гуна_ҳаёти_донишгоҳии_Исроилро_таҳдид_мекунад
Порс тудей - Расонаҳои саҳюнистӣ мегӯянд таҳрими донишгоҳҳои Исроил , « соли бисёр баде »-ро барои ин марказҳои омӯзишӣ рақам задаву оянда ҳамчунон тираву тор аст.
(last modified 2025-12-20T04:27:15+00:00 )
Декабр 20, 2025 09:24 Asia/Dushanbe
  •   Таҳрими режими саҳюнистӣ
    Таҳрими режими саҳюнистӣ

Порс тудей - Расонаҳои саҳюнистӣ мегӯянд таҳрими донишгоҳҳои Исроил , « соли бисёр баде »-ро барои ин марказҳои омӯзишӣ рақам задаву оянда ҳамчунон тираву тор аст.

Ҳатто бо вуҷуди барқарории оташбас дар Ғазза , таҳримҳои академикӣ алайҳи донишгоҳҳои Исроилӣ ҳамчунон идома дорад . Ба гузориши Порс тудей , рӯзномаи Таймс-и Исроил эътироф карда ки донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон роҳҳои халлоқонае барои давр задани қонунҳои мавҷуд пайдо кардаанд, то битавонанд бидуни пардохти ҷарима донишгоҳҳои Исроилро бойкот кунанд .
Дар аввалҳои моҳи ноябр донишгоҳи « Федерикои дувум » , қадимитарин донишгоҳи давлатии ҷаҳон ва яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Аврупо қатъномаеро барои таҳрими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои исроилӣ имзо кард. Ин таҳрим чанд ҳафта пас аз он ҷорӣ шуд, ки оташбас дар ҷанги ду солаи Исроилу Ҳамос дар навори Ғазза барқарор шуда буд.
Дар матни қатънома омада буд, ки ин донишгоҳ « умедвораст оташбас ба нуқтаичархишии воқеӣ дар масири сулҳи пойдору босубот мунҷар шавад » . Бар асоси ин тасмим донишгоҳ эълом кард, ки аз ин пас « имзои ҳар гуна тавофуқи нави ҳамкории илмӣ ва омӯзишӣ бо донишгоҳҳо , муассисаҳову ширкатҳои давлатӣ ва хусӯсии исроили »-ро ба ҳолати таълиқ дармеоварад.

 Ин баёния пас аз дархост беш аз 230 устоду узви ҳайати илмии ин донишгоҳ содир шуд. Ба иқрори Таймси Исроил , ин иқдом идомаи масире буда, ки дигар донишгоҳҳои ҷаҳон дар тӯли ду соли ҷанги Ғазза алайҳи Исроил дар пеш гирифта буданд.

Ташдиди таҳримҳои донишгоҳӣ пас аз 7 октябр
 Таҳримҳои донишгоҳӣ алайҳи муассисаҳо ва устодони исроилӣ аз 7 октябри 2023 ба шиддат афзоиш ёфтааст. Дар Амрикову Аврупо чунин таҳримҳое мамнӯъ эълом шуда , вале донишгоҳҳои ҷаҳон роҳҳои тозае пайдо кардаанд, то битавонанд равобити худро бо муассисаҳову донишгоҳҳои омӯзишии Исроил ба камтарин сатҳ бирасонанд. Масъулони исроилӣ ҳушдор додаанд, ки ин вазъият дар соли 2025 бадтар ҳам шудааст.
Эмануел Нахшон , раиси коргурӯҳи муқобила бо таҳримҳои донишгоҳӣ дар « Анҷумани донишгоҳҳои Исроил » гуфтааст : « Соли гузашта ба худии худ соли бисёр баде аз назари таҳримҳо буд ва дар ибтидои 2025 авзоъ ҳатто бадтар ҳам шуд . » Ба гуфтаи ӯ ин ниҳод дар соли 2023 ва пас аз ҳамлаи 7 октябр , 300 мавриди таҳримро сабт кардааст ; ин рақам дар соли баъд ба 700 маврид афзоиш ёфтааст.
 Ин таҳримҳо садҳо пажӯҳишгари исроилиро ҳадаф қарор дода ва маҳдӯдиятҳое дар ҳамкорӣ бо муассисоту барномаҳои байналмилалӣ эҷод кардааст. Нахшон гуфта ки агарчӣ оташбас дар Ғазза мумкин аст дар ниҳоят аз шиддати таҳримҳои зиддиисроилӣ дар ҷаҳон бикоҳад , аммо дар кӯтоҳмуддат наметавон интизори беҳбудии чандоне дошт.
Ӯ афзуда, ки инҳо танҳо таҳримҳои ошкор ҳастанд ва илова бар он таҳримҳои хомӯше ҳам вуҷуд дорад ; ба унвони мисол мақолаҳои ирсолии пажӯҳишгарони исроилӣ ба нашриёту конфронсҳои ҷаҳонӣ бидуни посух боқӣ мемонанд ё пажӯҳишгарони саҳюнист аслан ба конфронсҳо дар ҳавзаи тахассусии худ даъват намешаванд.
 Даҳҳо донишгоҳи аврупоӣ Исроилро таҳрим карданд
Ҳатто ниёзи молии донишгоҳҳои аврупоӣ ба буҷетҳои исроилӣ ҳам монеъ аз иқдомоти таҳримии ин донишгоҳҳо нашудааст. Исроил талош карда то бо таҳдидоти молӣ бисёре аз донишгоҳҳои аврупоиро аз таҳрими густардатар барҳазар дорад. Бо ин ҳол таҳримҳо ба сифр нарасидаанд ва фақат доманаи онҳо маҳдудтар шудааст. Бар асоси эъломи Вазорати навоварӣ , илм ва фанноварии Исроил ҳудуди 38 дарсад аз пажӯҳишҳои Исроил бо ҳамкории донишгоҳиёни аврупоӣ анҷом мешавад.
Бисёре аз ширкатҳои фанноварии исроилӣ, аз ҷумла ширкатҳои саноеъи ҷангии ин режим қарордодҳои пурсуде бо донишгоҳҳо доранд. Бахши бузурге аз ин ҳамкориҳо дар чорчӯби барномаҳои Иттиҳодияи Аврупо монанди « уфуқи Аврупо » ва « Эразмус » анҷом мешавад, ки ҳимояти молии густардае аз пажӯҳишу омӯзиш фароҳам мекунанд. Таҳрими расмии Исроил ба маънои чашмпӯшӣ аз миллиардҳо евро буҷети таҳқиқ ва тавсеъа аст.
Аз сӯи дигар дар Аврупо иқдомоте барои қатъи дастрасии Исроил ба буҷетҳои пажӯҳишии Иттиҳодияи Аврупо ҳам дар авоили соли 2025 оғоз шуд , аммо бо ройзаниҳои фаровони лобии Исроил бенатиҷа монд . Раиси коргурӯҳи муқобила бо таҳримҳои донишгоҳӣ дар « Анҷумани донишгоҳҳои Исроил » иқрор карда, ки бо вуҷуди вобастагиҳои молии донишгоҳҳои Аврупо , бархе аз ин донишгоҳҳо аз ҷумла донишгоҳи « Хент » дар Белгия эълом кардаанд, ки таъаҳҳудашон ба таҳрими Исроили муҳимтар аз дарёфти буҷети Иттиҳодияи Аврупост. Ба гуфтаи ин мақоми саҳюнистӣ беш аз 30 донишгоҳи аврупоӣ ва асосан дар Белгия , Ҳоланд , Италия ва Испанияи дар сатҳи ниҳодӣ ба таҳрими Исроил раъй додаанд.
 Сояи таҳримҳои соя бар сари Исроил
Масъӯлони исроилӣ иқрор кардаанд, ки донишгоҳҳои ҷаҳон бо истифода аз роҳҳои нав аз ҷумла ташкили « кумитаҳои ахлоқ » , масъӯлияти таҳрими Исроилро аз дӯши мудирони донишгоҳҳо бармедоранд ва дар айни ҳол ба ҳадафи худ барои қатъи равобит бо Исроил даст меёбанд. Ба гуфта
 Нахшон , донишгоҳҳои ҷаҳон бо эҷоди « таҳримҳои соя » , пажӯҳишгарони исроилиро нодида мегиранд ё бидуни ироаи далел аз ҳамкории муштарак бо онҳо парҳез мекунанд. Ӯ таъкид карда, ки ин иқдомот ба сурати « созмонёфта » дар сатҳи донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон анҷом мешавад.
Донишгоҳҳои Амрико қонунҳоро давр мезананд

 Қонунҳои мавҷуд ва фишорҳои раиси ҷумҳӯри Амрикооналд Трамп бар донишгоҳҳои амрикоӣ , корро барои бисёре аз донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида сахт кардааст. Бо ин ҳол ба гуфтаи масъӯлони исроилӣ , ин донишгоҳҳо аз роҳҳои дигар ба таҳрими пажӯҳишгарону устодони ин режим мепардозанд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад бисёре аз устодони саҳюнист канор гузошта шудаанд.
Бо вуҷуди талошҳои ҳуқуқӣ ва эҷоди барномаҳои мухталиф барои тақвияти ҳамкории донишгоҳҳои Амрикову Исроил , ағлаби коршиносон муътақиданд таҳримҳо ба ин зӯдӣ поён нахоҳад ёфт . Нахшон муътақидаст, ки Исроил « эҳтимолан солҳои тӯлонӣ бо инзиво(танҳоӣ) рубару хоҳад буд» .