Юриши созмонёфтаи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо ; убӯр аз хутути қирмизи таърихӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i123554-Юриши_созмонёфтаи_саҳюнистҳо_ба_Масҷидулақсо_убӯр_аз_хутути_қирмизи_таърихӣ
Порс Тудей- Ҳамзамон бо баргузории иди яҳудии «Hanukkah», тааррузоти режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо вориди марҳалае тоза ва бесобиқа шудааст; марҳалае, ки аз таҳмили ойинҳои талмудӣ фаротар рафта ва ошкоро ба сӯи тағйири моҳият, коркард ва мудирияти ин макони муқаддас пеш меравад.
(last modified 2025-12-24T06:41:51+00:00 )
Декабр 24, 2025 11:34 Asia/Dushanbe
  • Юриши созмонёфтаи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо ; убӯр аз хутути қирмизи таърихӣ

Порс Тудей- Ҳамзамон бо баргузории иди яҳудии «Hanukkah», тааррузоти режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо вориди марҳалае тоза ва бесобиқа шудааст; марҳалае, ки аз таҳмили ойинҳои талмудӣ фаротар рафта ва ошкоро ба сӯи тағйири моҳият, коркард ва мудирияти ин макони муқаддас пеш меравад.

Дар рӯзҳо ва шабҳои ахир гурӯҳҳои ифротӣ мавсум ба «гурӯҳҳои маъбад» бо ҳимояти мустақими пулис ва ниҳодҳои расмии режими Исроил талош карданд, воқеиятҳои ҷадидеро дар саҳнҳо ва перомуни Масҷидулақсо таҳмил кунанд; воқеиятҳое, ки аз тақсими замонӣ убур карда ва нишонаҳои равшане аз ҳаракат ба сӯи тақсими маконӣ дорад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Маркази иттилорасонии Фаластин, аз ғуруби якшанбе то поёни душанбе, Масҷидулақсо шоҳиди мавҷе аз тааррузҳои густарда буд. Дар ин муддат, шаҳракнишинони ифротӣ бо иҷрои ошкори маносики талмудӣ, баргузории рақс ва овози ойинӣ, анҷоми саҷдаҳои намоишӣ ва равшан кардани чандбораи шамъдони Ҳануко, амалан ҳамаи хутути қирмизи таърихиро зери по гузоштанд. Ин иқдомот, ки пештар бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ буд, акнун бо ҳимояти комили нерӯҳои амниятӣ анҷом мешавад ва паёми равшане аз тағйири сиёсати расмии режими саҳюнистӣ дар қиболи Масҷидулақсо мухобира мекунад.

Дар иқдоме маънодор, Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ҳузури сафири Амрико дар арозии ишғолӣ шамъдони Ҳаннукаро дар шабакаи туннелҳои Девори Ғарбӣ, часпида ба деворҳои зеризаминии Масҷидулақсо равшан кард. Коршиносон ин рухдодро сирфан як ҳаракати намодин надониста ва онро нишонаи пазириш ва ҳимояти ҳокимиятӣ ва ҳатто хориҷӣ аз интиқоли тадриҷии маносики яҳудӣ ба ҳарими Масҷидулақсо тавсиф карданд.

Ҳамзамон, гурӯҳҳои маъбад бо бастани бозори таърихии Қаттонин ба василаи пулис, ин маҳдударо ба фазои ҷашн ва зиёфати худ табдил карданд; иқдоме, ки на танҳо ҳурмати маконӣ ва иқтисодии минтақаро нақз кард, балки нишон дод сиёсати татбиқи муҳитӣ барои оддисозии ҳузури ойинии яҳудиён дар перомуни Масҷидулақсо ба таври ҳадафманд дунбол мешавад.

Вуруди абзорҳои динӣ монанди «тефилин» ва «толит», ки то соли 2023 дар Масҷидулақсо мамнӯъ буд, акнун ба рафтори такроршаванда бадал шуда ва амалан мамнӯиятҳо аз маъно тиҳӣ шудаанд. Дар маҷмӯъ, тайи айёми Ҳануко дастикам 2779 шаҳракнишини саҳюнист бо ҳамроҳии шуморе аз хохомҳои саҳюнист вориди саҳнҳои Масҷидулақсо шуданд.

Фахрӣ Абудиёб, пажӯҳишгари масоили Қудс, ин равандро ҳаракате шитобон барои тағйири вазъияти мавҷуд тавсиф кард. Ба гуфтаи ӯ, режими саҳюнистӣ бо афзоиши соати таарруз, таҳмили комили ойини талмудӣ ва тазъифи нақши идораи авқофи исломӣ, дар пайи салби ҳокимияти исломӣ аз Масҷидулақсо ва супурдани мудирияти амалии он ба ниҳодҳои ифротӣ аст. Ӯ ҳушдор дод, ки ин иқдомот нишонаҳои равшани омодасозӣ барои контроли динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии комил бар Масҷидулақсо аст.

Пас аз таваққуфи ҷанги вайронгари режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, тамаркузи сиёсати режими Исроил ба таври маҳсусе ба Қудс ва Масҷидулақсо мунтақил шудааст. Маҳдудсозии вуруди намозгузорони мусулмон, афзоиши аҳкоми манъ ва табъид ва табдили пулиси саҳюнистӣ ба «мутасаррифи мутлақ»-и масҷид, аҷзои як роҳбурди воҳид ба назар мерасад ва он, тиҳӣ кардани ҳувияти исломӣ ва бозтаърифи Масҷидулақсо ба унвони «намоди яҳудӣ» аст.

Зиёд Абҳийс, дигар коршиноси умури Қудс, ин марҳаларо марҳалаи таъйини таклиф ва яксара кардани вазъият номид. Аз нигоҳи ӯ, тааҳҳуди расмии мақомоти аршади режими саҳюнистӣ ба тамдиди соати таарруз ва эҳтимоли ихтисоси бахшҳое аз масҷид ба таври доим ба яҳудиён, нишон медиҳад, ки ҷанг алайҳи Масҷидулақсо на мақтаӣ, балки сохторӣ ва рӯ ба афзоиш аст; ҳушдоре, ки агар бепосух бимонад, метавонад ба тағйироти ғайриқобили бозгашт дар яке аз муқаддастарин намодҳои ҳувияти исломӣ - фаластинӣ мунҷар шавад.

14 октябри 2016, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар қатъномаи таърихӣ Масҷидулақсоро яке аз амокини муқаддаси ислом донист ва ҳар гуна иртиботи таърихӣ ва динӣ ё фарҳангии яҳудро бо ин макон рад кард.