Рекорди бесобиқаи худкушӣ дар артиши Исроил
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i123654-Рекорди_бесобиқаи_худкушӣ_дар_артиши_Исроил
Порс Тудей - Артиши режими саҳюнистӣ дар гузориши соли 2025, аз сабти 21 мавриди худкушӣ ва кушта шудани 151 низомии ин режим хабар дод; оморе, ки болотарин мизони худкушӣ дар 15 соли гузашта башумор меравад.
(last modified 2026-01-03T07:01:08+00:00 )
Декабр 31, 2025 11:20 Asia/Dushanbe
  • Рекорди бесобиқаи худкушӣ дар артиши Исроил

Порс Тудей - Артиши режими саҳюнистӣ дар гузориши соли 2025, аз сабти 21 мавриди худкушӣ ва кушта шудани 151 низомии ин режим хабар дод; оморе, ки болотарин мизони худкушӣ дар 15 соли гузашта башумор меравад.

Ба гузориши Порс Туде, артиши режими саҳюнистӣ бо изъон ба худкушии даҳҳо низомӣ, хулосае аз иттилооти талафоти худ дар соли 2025 милодиро мунташир кард. Артиши Исроил рӯзи сешанбе 30 декабр додаҳои талафоти соли 2025-ро ба таври хулоса мунташир кардааст. Дар ин гузориш, афзоиши мавориди фавти ношӣ аз худкушӣ, беш аз соири маворид, ҷалби таваҷҷуҳ кардааст. Дар соли 2025, 21 мавриди худкушии мунҷар ба марг дар артиши режими саҳюнистӣ сабт шуда ва ин рақам дар 15 соли гузашта бесобиқа будааст. Гузориши ҷадиди артиши ин режим дар хусӯси талафоти низомиён, ҳокӣ аз афзоиши мудовими теъдоди мавориди худкушӣ аст.

Тибқи гузориши ёдшуда, 151 низомии артиши режими саҳюнистӣ, дар тӯли ин сол ба далоили мухталиф кушта шудаанд. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар миёни ин арқом, теъдод низомиёне аст, ки далели марги онон худкушӣ сабт шудааст. Тибқи додаҳои мунташир шуда аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ, аз кули теъдоди талафот дар соли 2025, 88 нафар дар ҳангоми фаъолиятҳои амалиётӣ, 15 нафар дар асари беморӣ, 3 нафар дар амалиётҳои ҷабҳаи муқовимат ва 21 нафар дар тасодуфот кушта шудаанд. Ҳамчунин 21 маврид аз талафот низ ба унвони «худкушии машкӯк» сабт шудааст. Артиши режими саҳюнистӣ маҷбур шудааст, ба унвони бахше аз муқобила бо афзоиши парешонии равонӣ, хадамоти дармонии худро густариш диҳад.

Тибқ додаҳо, беш аз ҳазор афсари саломати равон дар тамоми бахшҳои артиши ин режим, мустақар шудаанд. Ҳамчунин низомиёни ҳар тип бо як афсари саломат ба таври ихтисосӣ дар иртибот ҳастанд. Даҳҳо нафар аз ин афсарон низ барои ироаи кумакҳои отифӣ - равонии фаврӣ пас аз воқеаҳои печида, вориди манотиқи ҷангӣ шудаанд. Артиши режими саҳюнистӣ ҳамвора талафоти худро бо ҳадафи кантроли афкори умумӣ сензур мекунад; бо ин ҳол натавонистааст, афзоиши талафоти сарбозони худ бавижа марги онон ба далели худкуширо инкор кунад.