Таҳлили коршиноси саҳюнистӣ аз бунбасти гузинаи низомии Амрико дар баробари Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i123900-Таҳлили_коршиноси_саҳюнистӣ_аз_бунбасти_гузинаи_низомии_Амрико_дар_баробари_Эрон
Порс Тудей - Коршиноси саҳюнистии масоили амниятӣ бо ишора ба дастовардҳои амниятии Теҳрон дар кантроли авзоъ ва саркӯби иғтишошгарон, аз маҳдӯдиятҳои Амрико дар ҳамлаи низомии густарда зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.
(last modified 2026-01-18T09:09:25+00:00 )
Январ 18, 2026 14:07 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили коршиноси саҳюнистӣ аз бунбасти гузинаи низомии Амрико дар баробари Эрон

Порс Тудей - Коршиноси саҳюнистии масоили амниятӣ бо ишора ба дастовардҳои амниятии Теҳрон дар кантроли авзоъ ва саркӯби иғтишошгарон, аз маҳдӯдиятҳои Амрико дар ҳамлаи низомии густарда зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Доне Ситренофитш, коршиноси саҳюнистии масоили амниятии Ғарби Осиё, дар ёддоште бо унвони “наздик шудан ба як нуқтаи атфи буҳронӣ дар бораи Эрон” навишт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи ҳафтаҳои ахир тавонистааст ду дастоварди муҳимро муҳаққақ кунад; нахуст, кантроли эътирозоту дувум, убӯр аз хатари ҳамлаи низомии қарибулвуқуъи Амрико.

Вай таъкид кард, ки дар Вашингтон ду рӯйкарди рақиби ҳамзамон дар ҳоли баррасӣ аст: Як масир, ки бо меҳварияти Стив Виткоф ба дунболи истифода аз шароит барои пешбурди музокироту эҳтимоли дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ аст ва масири дигар, ки ҳамчунон гузинаи иқдоми низомӣ зидди Эронро маддиназар дорад. Бо ин ҳол, пурсиши бунёдин ҳамчунон бепосух монда ва он таърифи ҳадафи роҳбурдии воқеии Амрико аз ҳар гуна иқдом аст.

Ба эътиқоди ин коршиноси амниятии масоили Ғарби Осиё, фурсати баҳрабардорӣ аз авҷи эътирозот барои бесуботсозии Эрон аз даст рафта ва акнӯн ҳар ҳамлае сирфан намодин хоҳад буд ва дар айни ҳол хатари ташдиди танишҳои минтақаиро афзоиш медиҳад.

Аз сӯи дигар, ҳар талоши ҷиддӣ барои тағйири низоми Эрон мусталзими як корзори низомии густарда ва тӯлонӣ аст, ки суботи Ғарби Осиёро ба шиддат таҳдид мекунаду режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони Амрикоро дар маърази посухи сангини Теҳрон қарор медиҳад.

Ба ҳамин далел, гузинаҳои Вашингтон ба ду интихоби ноқис маҳдӯд шудааст: музокира таҳти фишор ё иқдоми низомии пурҳазина. Нависанда натиҷа мегирад, то замоне, ки Амрико ҳадафи ниҳоии худро ба таври равшан таъриф накунад, иқдоми низомии маънодор зидди Эрон баъид хоҳад буд.