Таҳлилгари араб : шумориши маъкӯс барои бузургтарин шикасти Амрико оғоз шудааст
-
Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри Амрико
Порс тудей - Таҳлилгари араб бо ишора ба зарбаҳои мушакӣ ва паҳподии шадиди Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа ва дармонда шудани Трамп таъкид кард : Рӯзҳои оянда бисёр муҳим ҳастанд ва мумкин аст оғози шумориши маъкӯс барои бузургтарин шикасти Амрико дар баҳрҳои Сурху Араб ва гулугоҳи Ҳурмуз бошад.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА,Абдулборӣ Атвон-таҳлилгари араб дар матлабе дар рӯзномаи « Раъй ал-явм » бо ишора ба таҳаввулоти минтақаӣ навишт : Вақте миёнҷиҳои « араб » ва « мусулмон » пас аз як « хоби тобистони »и кӯтоҳ аз маҳали иқомати худ хориҷ мешаванд ва мутаваҷҷеҳи поймолсозии оташбасу ёддошти тафоҳум бо Эрон аз сӯии артиши Амрико мешаванд , бидуни инки ҳеҷ кадом ҷуръати маҳкум кардани онро дошта бошанд, дар нигоҳи аввал ба ин маънӣ аст, ки раиси ҷумҳӯр Доналд Трамп эҳсоси шикаст карда ва аз дардҳои феълӣ ва ояндаи ин шикаст ранҷ мебарад ва ба дунболи роҳҳои фаврӣ барои коҳиши хисорот ва талафот аст.
Ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ кобӯси бузурги Трамп
Вай дар идома навишт : Бузургтарин кобусе, ки дар се рӯзи гузашта раиси ҷумҳӯри Трампро озор дода ва ӯро водор ба иқдоми фаврӣ барои пайгирии оташбаси 10 рӯзаи пешниҳодӣ кардааст , ҳамалоти мушакӣ ва паҳподҳои пешрафтаи Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Урдун аст. Ин ҳамлаҳо барои аввалин бор аз замони оғози ҷанги панҷ моҳи пеш , талафоти неруҳои амрикоиро аён сохт ва расман марги се сарбозу захмӣ шудани даҳҳо нафар аз сӯии Амрико таъйид шуд.
Тобути низомиёни амрикоӣ Трампро сарнагун мекунад
Атвон афзуд : На конгресси Амрико ва на Сенат наметавонанд раисони ҷумҳӯри Амрико , ба вижа Трампро барканор кунанд ва фақат тобути сарбозони кушташудаи амрикоӣ метавонад ин корро анҷом диҳад. Ин ҳамон иттифоқе аст, ки барои « Ҷонсон » раиси ҷумҳӯри вақти Амрико дар ҷанги Ветнам ва барои « Ҷо Байден » раиси ҷумҳӯри вақти Амрико дар Афғонистон афтод. Тамоми далеҳои феълӣ аз Эрону тангаи Ҳурмуз нишон медиҳад, ки раиси ҷумҳӯр Трамп мумкин аст сеюмин нафаре бошад, ки бо ин сарнавишт рӯбарӯ шавад.
Нуфузи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба падофанди ҳавои Амрико дар Урдун саҳюнистҳоро ба ваҳшат андохтааст
Атвон овардааст : Ҳадаф қарор додани Урдун аз сӯи Сипоҳи посдорони Эрон бо беш аз 50 мӯшаку паҳпод ва муваффақияти ин мӯшакҳо дар нуфуз ба падофанди ҳавоии Амрико ва расидан ба аҳдофашон , боиси ваҳшат дар миёни исроилиҳо , ба вижа низомиёни исроилӣ шудааст . Ин мӯшакҳо, ки қодир ба нуфуз ба сомонаҳои дифои мушакии Амрико ҳастанд, ки зоҳиран қавитарину пешрафтатарин сомонаҳои дифои мушакии Амрико дар ҷаҳон ҳастанд, метавонанд ба ҳамтоёни исроилии худ низ нуфуз кунанд.
Тавваҷуҳ ба ин нукта муҳим аст, ки пойгоҳи Амрико дар « ал-Озриқ » ё дар « Ақаба » , танҳо даҳҳо километр бо Димона дар Нақаб ё шаҳрҳои дигаре монанди Ҳайфо , Тел-Авив ва Асқалону Сафад фосила доранд.
Рӯзҳои сарнавиштсоз дар роҳ аст
Ин таҳлилгар дар поён навишт : Рӯзҳои оянда бисёр муҳиму сарнавиштсоз аст ва мумкин аст оғози шумориши маъкӯс барои бузургтарин шикасти Амрико дар баҳрҳои Сурху Араб ва тангаи Ҳурмуз бошад. Шояд гуфтаи Масъуди Пизишкиён-раиси ҷумҳӯри Эрон дар бораи дастури Имом Сайид Муҷтабо Хоманаӣ ба фармондеҳии низомии худ барои поён додани фаврӣ ба вазъияти феълии на сулҳ ва на ҷанг , қавитарину муҳимтарин тазмин бошад.