Таҳлилгари араб: Теҳрон барги барандаи зиёди барои ғофилгирии Вашенгтон дорад
-
Таҳлилгари араб: Теҳрон барги барандаи зиёди барои ғофилгирии Вашенгтон дорад
Порс Тудей- як таҳлилгари сиёсии кишвари Ироқ бо ишора ба таҷовузҳои Амрико ва аҳдофи он баён кард: Теҳрон барги барандаи зиёди дорад, ки бо истифода аз он метавонад Вашенгтон ва давлати Амрикоро ғофилгир кунад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Асарул Шаръ таҳлилгари сиёсии кишвари Ироқ гуфт: Давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ин рузҳо барои иҷрои тарҳе, ки Обамо дар даврони раёсатҷумҳурии худ онро рад карда буд ба Эрон ҳамла мекунад.
Вай афзуд: Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоли иҷрои тарҳи саҳюнистӣ аст, ки Борак Обамо раиси ҷумҳури собиқ аз ирои он худдори карда буд.
Ин таҳлилгари ироқӣ баён кард: Трамп дар талош аст то хостаҳои саҳюнистҳоро дар тарҳи ба истилоҳ "Ховари миёнаи ҷадид" муҳақақ кунад.
Вай афзуд: Трамп бо ҳамла ба Эрон ва ҳадаф қарор додани хоки он дар талош аст то дар минтақа ҳарҷу марҷ эҷод кунад, аммо Теҳрон кортҳои зиёди барои бози дорад, ки метавонад бо он Вашенгтон ва давлати Амрикоро ғофилгир кунад.
Вай ҳамчунин бо ишора ба таҳарукоти раиси ҷумҳури Амрико дар қиболи Эрон баён кард: Давлати Трамп ба дунболи вақткуши ва ҷалби назари бархе кишварҳои минтақа бо ҳадафи ворид кардани онҳо дар ҳамалот ва ҷанге аст, ки неруҳояш зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ андохтанд.