Таҳлил|Ақибнишинии низомии Амрико аз иқлими Курдистони Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125292-Таҳлил_Ақибнишинии_низомии_Амрико_аз_иқлими_Курдистони_Ироқ
Порс тудей–Артиши Амрико шурӯъ ба хориҷ кардани охирин неруҳои боқимондаи худ аз Ироқ , ки дар ҳамсоягии фурудгоҳи Арбил дар минтақаи Курдистони Ироқ мустақар ҳастанд , кардааст. Сомонаҳои падофандии Патриот низ аз ин минтақа хориҷ шудаанд.
(last modified 2026-08-03T09:55:16+00:00 )
Август 03, 2026 14:45 Asia/Dushanbe
  •  Ақибнишинии низомии Амрико аз иқлими Курдистони Ироқ
    Ақибнишинии низомии Амрико аз иқлими Курдистони Ироқ

Порс тудей–Артиши Амрико шурӯъ ба хориҷ кардани охирин неруҳои боқимондаи худ аз Ироқ , ки дар ҳамсоягии фурудгоҳи Арбил дар минтақаи Курдистони Ироқ мустақар ҳастанд , кардааст. Сомонаҳои падофандии Патриот низ аз ин минтақа хориҷ шудаанд.

Ба гузориши Порс тудей ин амр ҳамзамон бо зарбулаҷали 30 сентябр барои хурӯҷи комили низомиёни амрикоӣ аз Ироқ сурат мегирад. Дарки далилҳо ва паҳлуҳои ин ақибнишинӣ , ба вижа бо тавваҷуҳ ба ҳамалоти густардаи Эрон ба ин минтақа , аз аҳамияти роҳбурдии болое бархурдор аст.
Далилҳои гуногуне дар пушти саҳнаи ин ақибнишинӣ вуҷуд дорад:
  1 . Иҷрои тавофуқномаи дуҷонибаи Ироқу Амрико :
Муҳимтарину расмитарин далел , иҷрои тавофуқномае аст, ки дар соли 2024 байни Бағдод ва Вашингтон имзо шуд. Бар асоси ин тавофуқ маъмурияти низомии эътилофи байналмилалӣ барои мубориза бо ДИИШ дар Ироқ то таърихи 30 сентябри 2026 ба поён мерасад ва ҷои худро ба ҳамкориҳои амниятии дуҷониба хоҳад дод. Доналд Трамп , раиси ҷумҳӯри Амрико ба ҳамроҳи нахуствазири Ироқ , Алӣ Зайдӣ дар июли 2026 бар ин зарбулаҷал таъкид карданд. Трамп бо ишора ба коҳиши ниёзи низомӣ эълом кард, ки Амрико дигар ҳузури неруи низомӣ дар Ироқро зарурӣ намедонад ва равобити ду кишвар бештар бар меҳвари иқтисодӣ хоҳад буд.
2 . Фишори ҳамлаҳои Эрон ва осебпазирии сомонаҳои падофандӣ :
Агарчӣ ин хурӯҷ бар асоси тавофуқнома барномарезӣ шуда буд , аммо ба назар мерасад шиддати ҳамалоти Эрон алайҳи гурӯҳакҳои ҷудоиталаби курд дар иқлими Курдистони Ироқ ва низ ҳадаф қарор гирифтани таъсисот ва неруҳои амрикоӣ , раванди онро суръат бахшидааст. Аз 28 феврали 2026 замоне, ки Амрико ва режими саҳюнистӣ таҷовузи низомии худ алайҳи Эронро оғоз карданд , минтақаи Курдистони Ироқи ҳадафи наздик ба ҳазор мӯшаку паҳпод қарор гирифтааст, ки мунҷар ба кушта шудан даҳҳо нафар аз унсурҳои гурӯҳакҳои террористӣ ва низомиёни ғарбӣ ва маҷрӯҳяти беш аз 150 тани дигар шудааст .Бар асоси бархе гузоришҳо , аз ҷумла вебсайти ПрессТВ , ҳамлаҳои дақиқи Эрон ба сомонаҳои Патриот дар Арбил , ин сомонаҳоро нобуд кардааст. Ҳадаф қарор гирифтани мустақими Патриотҳо , ки аз гаронқиматтарин сомонаҳои падофандии Амрико ҳастанд , як таҳаввули низомии муҳим маҳсуб мешавад ва нишон медиҳад ки ин сомонаҳо на танҳо натавонистаанд амнияти комили неруҳо ва таъсисоти низомии Амрикоро таъмин кунанд , балки худ ба ҳадафи роҳбурдӣ барои Эрон табдил шудаанд. Ин воқеият дар тасмими Вашингтон барои хурӯҷи таҷҳизот ва неруҳо таъсиргузор будааст.
3 . Бознигарии роҳбурдӣ ва авлавиятдеҳӣ ба нуқоти дигар :
Бо тавваҷуҳ ба камбуди мавҷудии мӯшакҳои Патриот ( баровард шуда, ки 55 дарсад аз захираҳо то апрели 2026 ва 10 дарсади дигар дар моҳҳои баъд аз он коҳиш ёфтааст ) , Вашингтон эҳтимолан ба ин натиҷа расида, ки ҳифозат аз пойгоҳи ҳавоии Ҳарир дар Арбил , нисбат ба пойгоҳҳои худ дар кишварҳои ҳошияи халиҷи Форсу Урдун , аз авлавияти камтаре бархурдор аст. Як манбаи огоҳ дар ин замина гуфтааст, ки « минтақаи Курдистони Ироқ авлавият нест ; халиҷи Форсу Урдун ба вузуҳ авлавият доранд . » Ин нишондиҳандаи як бознигарии роҳбурдӣ дар тахсиси манобеи падофандӣ дар минтақа аст.
Ақибнишинии неруҳои амрикоӣ ва сомонаҳои падофанди ҳавоии Патриот аз Курдистони Ироқ , муҷиби тазъифи шадиди амнияти ҳавои ин минтақа мешавад. Сомонаҳои Патриот ва « Рапед сентрӣ » Британия , ки ҳудуди 75 дарсад аз ҳамалоти мушаки ва паҳподиро раҳгирӣ мекарданд , аз минтақа хориҷ шудаанд ва ҷои онҳоро фақат сомонаҳои маҳдудтари C - RAM гирифтааст . Дар ғиёби ин сомонаҳо мақарҳои гурӯҳакҳои террористӣ дар иқлими Курдистони Ироқ дар баробари ҳамлаҳои ояндаи Эрон бисёр осебпазиртар хоҳанд шуд.
Ақибнишинии Амрико аз Курдистони Ироқ , ҳосили ҳамафзоии омилҳои расмӣ ( тавофуқ бо давлати Ироқ ) ва омилҳои воқеӣ ( фишори низомии Эрон ) аст . Агарчӣ чорчӯби тавофуқномае вуҷӯд дошт , аммо ҳамалоти бесобиқаи Эрон ва осебпазирии сомонаҳои пешрафтаи падофандӣ нишон дод, ки идомаи ҳузури низомии Амрико дар ин минтақа бо хароҷотҳои фазоянда ва рискҳои роҳбурдӣ ҳамроҳ аст. Ин амр нишон медиҳад, ки такия ба Амрико барои ба истилоҳ таъмини амният то чӣ ҳад шикананда ва нопойдор аст.