Ҳамлаи мушакӣ ва паҳлодии Яман ба Риёз ва Ҷиддаи Арабистон 
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125634-Ҳамлаи_мушакӣ_ва_паҳлодии_Яман_ба_Риёз_ва_Ҷиддаи_Арабистон
Порс Тудей – Манобеи хабарӣ аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳлодии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ҳадафҳо дар Риёз (пойтахт) ва шаҳри бандарии Ҷидда дар ғарби Арабистони Саудӣ хабар доданд.
(last modified 2026-10-05T09:22:19+00:00 )
Октябр 05, 2026 14:16 Asia/Dushanbe
  •  Ҳамлаи мушакӣ ва паҳлодии Яман ба Риёз ва Ҷиддаи Арабистон 
     Ҳамлаи мушакӣ ва паҳлодии Яман ба Риёз ва Ҷиддаи Арабистон 

Порс Тудей – Манобеи хабарӣ аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳлодии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ҳадафҳо дар Риёз (пойтахт) ва шаҳри бандарии Ҷидда дар ғарби Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Ба гузориши Порс Тудей , шабакаи "Ал-Ғадир"-и Ироқ дар бораи зарбаҳои мушакӣ ва паҳлодии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба ҳадафҳо дар дохили Арабистони Саудӣ гузориш дода, қайд кард, ки ин ҳамлаҳо ба таври мушаххас пойтахти Арабистони Саудӣ — шаҳри Риёзро ҳадаф қарор додаанд.

Ин шабака ҳамчунин хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳлодии нерӯҳои мусаллаҳи Яман, парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Шоҳ Абдулазиз дар шаҳри Ҷидда мутаваққиф шуданд.

Бархе аз расонаҳо афзуданд, ки ин ҳамлаҳо пас аз он сурат гирифтанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Арабистони Саудӣ минтақаҳоеро дар устони Саъдаи Яман ҳадаф қарор доданд.

То ҳол тафсилоти бештаре дар бораи ҳамлаҳои паҳлодӣ ва мушакии нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба Риёз ва Ҷидда нашр нашудааст.

Расонаҳои Саудӣ ва Яман то ҳол гузоришҳоеро дар бораи ин ҳамлаҳо мунташир накардаанд.