Ақибнишинии Трамп аз ваъдаи интиқоли сафорати Амрико ба Қудс
(last modified Sun, 12 Feb 2017 08:24:13 GMT )
Феврал 12, 2017 13:24 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Трамп аз ваъдаи интиқоли сафорати Амрико ба Қудс

Рӯзномаи саҳюнистӣ аз ақибнишинии раисиҷумҳури Амрико аз тасмими худ, бино бар интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Қудс хабар дод.

Рӯзномаи Маарив- чопи сарзаминҳои ишғолӣ, рӯзи шанбе дар гузорише дар бораи ваъдаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои интиқоли сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Қудс навишт, Трамп барои беҳбуди равобити худ бо ҷаҳони араб, аз аз иҷрои ин тасмим, мунсариф шуд.

Маарив меафзояд, Абдуллоҳи дуввум, шоҳи Урдун дар сафари ахири худ ба Вашингтон, зимни ройзанӣ бо масъулони Конгресси Амрико ба онҳо гӯшзад кард, ки изҳороти Трамп бино бар интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудс, навъе хашмро байни мусулмонон ва миллатҳои арабӣ, барангехтааст.

Ба навиштаи ин рӯзномаи саҳюнистӣ, шоҳи Урдун ҳушдор дода, ки ин иқдоми Амрико, амният ва суботи ҳамаи минтақаро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Шоҳи Урдун дуввуми феврал бо сафар ба Амрико, бо Трамп ва гуфтугӯ кард.

Дар ҳамин замина, раисиҷумҳури Амрико, даҳуми феврал дар гуфтугӯ бо рӯзномаи саҳюнистии “Israel Hayom” гуфта буд, интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Қудс, кори мушкиле аст ва бояд ба таври ҷиддӣ дар бораи он фикр кунад.

Мавзуи интиқоли сафорати Амрико аз Тел Авив ба Қудс, яке аз шиорҳои таблиғотии Трамп дар муборизоти интихоботӣ буд, ки мавҷе аз танаффур ва хашми миллатҳои мусулмонро дар пай дошт.