Феврал 19, 2017 14:04 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Ироқ фармони оғози амалиёти озодсозии ғарби Мусилро содир кард

Нахуствазири Ироқ дастури оғози амалиёти озодсозии ғарби Мусилро содир кард.

Ба гузориши шабакаи телевизиони ал Ироқия, Ҳайдар Ибодӣ рӯзи якшанбе дар паёми телевизионӣ таъкид кард, ҳамчунон, ки нерӯҳои ироқӣ дигар манотиқи ин кишварро оғоз карданд, дар амалиёти “Найнаво меоем” бо тамоми шуҷоат ва диловарӣ барои озодсозии боқимондаи шаҳри Мусил ба ҳаракат дарамноянд ва шаҳрвандонро аз ситам ва терроризми ДИИШ озод мекунанд.

Ибодӣ гуфт, маъмурияти аслии неруҳои ироқӣ, озодсозии инсонҳо пеш аз озодсозии заминҳо аст ва давлати Ироқ низ ба ҳамаи ниҳодҳои масъул иблоғ кардааст. то кумакҳои башардӯстона ва хадамотро барои манотиқи озод шуда фароҳам ва ҳамаи кумакҳои лозимро барои оворагон таъмин кунанд.

Неруҳои ироқӣ рӯзи 24 январи гузашта ба таври комил бахши шарқи Мусилро озод карданд.