Феврал 23, 2017 17:05 Asia/Dushanbe

Нерӯҳои Ироқ  фурудгоҳи Мусил, маркази вилояти Найнаво, шимоли Ироқро ба контроли комил даровардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, манобеи амниятии Ироқ эълом кардаанд, нерӯҳои Ироқ муҳосираи террористҳоро дар бахши ғарбии шаҳри Мусил танг карда, ба фурудгоҳи аслии ин шаҳр ва як пойгоҳи наздики шаҳри Мусил юриш бурданд. Ин манобеи ироқӣ афзуданд, нерӯҳои вокуниши сареъ ва пулиси федералии Ироқ ба фурудгоҳи Мусил ва нерӯҳои мубориза бо терроризм ба пойгоҳи ал-Ғазлон, наздик ба шаҳри Мусил юриш бурдаанд.

Амалиёти озодсозии меҳвари ғарби Мусил аз ишғоли ДИИШ якшанбеи гузашта бо дастури нахуствазири Ироқ оғоз шудааст. Моҳи гузашта бахши шарқии Мусил аз ишғоли ДИИШ озод шуда, оворагони ироқӣ дар ҳоли бозгашт ба хонаҳои худ дар ин минтақа ҳастанд.

 

 

Барчасп