Феврал 26, 2017 21:13 Asia/Dushanbe
  • Талоши Арабистон барои бақои режими саҳюнистӣ

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, имрӯз бар ҳамагон ошкор шуда, ки Арабистон ба дунболи оддисозии равобит бо Исроил аст ва барои бақои ин режими ишғолгар талош мекунад.

Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Субҳи нав"-и чопи Теҳрон бо баёни инки мавзеи Арабистон дар қиболи меҳвари муқовимат, мавзеи ҳимояту тайид нест, афзуд: Гурӯҳҳои такфириро Арабистон ба Сурия фиристода, то дар чорчуби кумак ба андешаи саҳюнизм хидмат кунанд .

Шайх Наим Қосим музокироти Остона дар бораи Сурияро талоше барои барқарории оташбас дар Сурия ва расондани кумак ба ғайринизомиён дар ин кишвар донисту гуфт, ин музокирот сирфан иҷрои оташбасро дар дастури кори худ дошта ва то ҳудуди зиёде муваффақиятомез будааст .

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин бо ишора ба шикастҳои пай дар пайи Арабистон дар Яман тасреҳ кард: Маҳол аст, ки миллати Яман дар ҷанг бо режими Саудӣ шикаст бихурад ва иҷоза диҳад, Арабистон зимоми умур ва сарнавишти он кишварро дар даст гирад .

 

Барчасп