Март 05, 2017 12:48 Asia/Dushanbe
  • Димишқ суқути ҷангандаи суриро таъйид кард

Манобеи сурӣ суқути як ҷангандаи ин кишварро наздики манотиқи марзии Туркия, таъйид карданд.

Соате пас аз интишори бархе гузоришҳо дар бораи сарнагунии як фарванд ҷангандаи сурӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Туркия, Димишқ эълом кард, мавзӯи сарнагун шудани як фарванд ҷангандаи “Миг 23” ин кишвар наздики марзи Туркия дуруст нест, балки ин ҷанганда ба далели нақси фаннӣ суқут кардааст.

Шабакаи телевизионии Сурия, шанбе шаб ба нақл аз манобеи низомӣ гузориш дод, иртибот бо як фарванд ҷангандаи ин кишвар, ки дар ҳоли маъмурияти иттилоотӣ наздики марзи Туркия буд, қатъ шуд ва талошҳо барои ёфтани халабони ин ҳавопаймо идома дорад.

Манобеи сурӣ афзуданд, мушкили фаннӣ дар матори ин ҷанганда боиси суқути он шуда ва ин ҷанганда ҳадафи ҳамлаи ҳеч гурӯҳе қарор нагирифтааст.

Пеш аз ин манобеи турк эълом карда буданд, як фарванд ҷангандаи Миг-23, ки ба назар мерасад, мутааллиқ ба Сурия бошад, дар хоки ин кишвар ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор гирифт ва ба эҳтимоли зиёд дар хоки Туркия суқут кардааст.