Нахуствазири Ироқ ба Мусил рафт
Нахуствазир ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ, рӯзи сешанбе ҳамзамон бо пирӯзиҳои ҷадиди неруҳои ин кишвар дар Мусил, ба ин шаҳр рафт.
Ба гузориши шабакаи ал-Олам, Ҳайдар ал Ибодӣ дар Мусил, дар нишасте бо фармондеҳони аршади амалиётии артиш, пулиси федерал ва дигар неруҳои ширкаткунанда дар амалиёти Найнаво, аз раванди ин амалиёт ва дастовардҳои ҷадид мутталеъ шуд ва аз неруҳои ширкаткунанда дар амалиёти озодсозии Найнаво, дар хутути муқаддам дидан кард.
Ал Ибодӣ аз ин неруҳо ба далели дастовардҳо ва пирӯзиҳояшон дар саҳнаи набард, ба вижа дар амалиёти ахири соҳили рости Мусил, қадрдонӣ кард.
Неруҳои ироқӣ, ки аз бомдоди имрӯз амалиёти густурдаеро дар соҳили рости Мусил оғоз кардаанд, биноҳои давлатии Мусил, устондорӣ, ва шӯъбаи бонки марказии ин шаҳрро озод карданд.
Бо фармони Ҳайдар Ибодӣ- нахуствазири Ироқ, амалиёти озодсозии бахши ғарбии шаҳри Мусил аз субҳи рӯзи якшанбе нуздаҳуми феврал оғоз шуд.
Ҳайдар Ибодӣ, 24 январ озодсозии бахши шарқии Мусилро аз ишғоли террористҳои ДИИШ ба таври расмӣ, эълом карда буд.