Арабистон Сисиро таҳдид кард: Аз Эрон фосила бигир
-
Арабистон раисҷумҳури Мисрро таҳдид кард
Рӯзноманигори Саудӣ аз ирсоли номаи маҳрамонаи Арабистон ба Миср хабар дод, ки дар он Риёз, Қоҳираро таҳдид кардааст, агар аз меҳвари Эрон, Русия ва Сурия дур нашавад, бояд мунтазири авоқиби он бошад.
Ба иттилои Алъолам, Солеҳ Алфаҳид дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт: Арабистон дар номае ба Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср эълом кардааст, агар мавозеи ӯ ҳамчунон бо меҳвари Русия–Эрон–Сурия ҳамсӯ бошад, аз ҳимояти кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс баҳраманд нахоҳад шуд .
Пеш аз ин низ манобеи огоҳ гуфта буданд, Арабистон ба дунболи қатъи ҳимояти кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс аз Миср аст .
Равобити Қоҳира ва Риёз ба далели ихтилофоти ду кишвар дар бораи буҳрони Сурия ва Яман ва ҳамчунин бархе масоили минтақаӣ ба сардӣ гароидааст .
Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон оғоз шуд .
Ҳамалоти Арабистон ва ҳампаймононаш ба Яман низ аз марти 2015 бадин сӯ, ҳазорон куштаву захмӣ ва бехонамон бар ҷой гузоштааст .