Март 13, 2017 15:47 Asia/Dushanbe

Ҳар рӯз, ки аз амалиёти озодсозии Мусил мегузарад, сафҳаи сиёҳи дигаре аз ҷиноятҳои ҳавлноки террористҳои ДИИШ дар ин минтақа аз Ироқ ошкор мешавад.

Ба иттилои шабакаи Алъолам, нерӯҳои ироқӣ дар амалиёти озодсозии Мусил яке дигар аз маконҳои куштори мардум ба дасти ДИИШ-ро ёфтанд, ки гавдоле амиқ маъруф ба "Алхасфа" ё "Ҳуфраи марг" аст .

Тибқи ин гузориш, террористҳои ДИИШ дастикам се ҳазор ироқиро дар ин ҳуфраи марг андохта ва яке аз фаҷеътарин ҷиноятҳои торихи башариятро рақам заданд .

Ба гуфтаи мардуми Мусил, бархе аз касоне, ки ба ҳуфраи марг андохта мешуданд, баъд аз суқут зинда мемонданд ва садои нолаҳои онҳо шунида мешуд, аммо бо таваҷҷуҳ ба умқи ин ҳуфра, аз хуруҷ аз он нотавон мемонданд ва ҳамонҷо ҷон медоданд .

Бо ин ҳол, андак афроде, ки тавонистаанд аз ин гавдол наҷот пайдо кунанд, гуфтаанд, ночор шудаанд, аз ҳазору 500 ҷасад боло бираванд, то аз ҳуфра хориҷ шаванд .

Басиҷи мардумии Ироқ пас аз озодсозии зиндони Бадуш дар шимоли ғарби Мусил низ пайкари 400 тан аз шаҳрвандони ироқиро, ки ба дасти террористҳои ДИИШ эъдом шуда буданд, дар як гури ҷамъӣ ёфтанд .

Як фармондеҳи майдонии басиҷи мардумӣ гуфт, диишиҳо садҳо ироқӣ аз Мусил, Наҷафи Ашраф, Аланбор ва Бағдодро дар зиндони Бадуш асир карда буданд .

 

Барчасп