Рафтори аҷиби подшоҳи Арабистон дар дидори нахуствазири Ҷопон + видео
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i14570-Рафтори_аҷиби_подшоҳи_Арабистон_дар_дидори_нахуствазири_Ҷопон_видео
Тасовири телевизионӣ нишон медиҳад, подшоҳи Арабистони Саудӣ бо одоби дипломатӣ ноошност ва намедонад дар дидор бо нахуствазири Ҷопон ва дар пеши дурбинҳо чӣ гуна рафтор кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 14, 2017 13:01 Asia/Dushanbe

Тасовири телевизионӣ нишон медиҳад, подшоҳи Арабистони Саудӣ бо одоби дипломатӣ ноошност ва намедонад дар дидор бо нахуствазири Ҷопон ва дар пеши дурбинҳо чӣ гуна рафтор кунад.

Рафтори аҷиби подшоҳи Арабистон дар дидор бо нахуствазири Ҷопон таваҷҷуҳи расонаҳоро ба худ ҷалб кардааст.

Албатта ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки синни боло ва шояд бемории заволи ақл подшоҳи Арабистонро ба муҷассамае мутаҳаррик табдил карда бошад, ки аз анҷоми соддатарин одоби дипломатӣ нотавон аст.