Март 15, 2017 19:55 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори террористӣ дар Димишқи Сурия
    Инфиҷори террористӣ дар Димишқи Сурия

Ҳамлаи террористии муқобили сохтмони қадимии додгустарии Сурия дар Димишқ, дастикам 31 кушта ва 60 захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба иттилои манобеи хабарии сурӣ, дар ин ҳамлаи террористӣ, ки зуҳри рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи Алҳамидияи Димишқ рӯй дод, як муҳоҷим, камарбанди инфиҷории худро муқобили сохтмони кохи Аладлӣ мунфаҷир кард .

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, омили ҳамла пеш аз инфиҷори камарбанди худ иқдом ба тирандозии беҳадаф кард ва сипас бомби ҳамроҳи худро мунфаҷир кард .

Ду рӯз пеш низ атрофи ин минтақа ва дар муқобили қабристони торихии Бабулсағир, ду террорист 74 нафар аз зоиронро, ки бештар ироқӣ буданд, кушта ва 200 нафарро захмӣ карданд .

 

Барчасп