Март 24, 2017 18:11 Asia/Dushanbe
  •  Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ ба манотиқи мухталифи Яман

Ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ бо беш аз 15 ҳамла, минтақаи Ҷабалуннор, дар шарқи Алмахоъ ва минтақаи Алъамрӣ дар ноҳияи Забоб, дар вилояти Таиз, ҷануби ғарби Яманро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши “Ал-Олам”, ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ дар идомаи ин ҳамалот ба водии Ҳубоб, дар минтақаи Сарвоҳ, дар вилояти Маъриб, маркази Яман ҳамла карданд.

Ҳамчунин манотиқи мухталифи вилояти Саъда, шимоли ин кишвар ҳадафи ҳамалоти мушакии ҷангандаҳои саудӣ қарор гирифт.

Дар вилояти Лаҳиҷ, дар ҷануби Яман низ ҳавопаймоҳои шиносоии Амрико ба минтақаи Каҳбуб ҳамла карданд.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи амрикоӣ – саудӣ ҳамчунин ноҳияи Мидиии вилояти Ҳаҷҷа, шимоли ғарби Яманро се бор ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор доданд.

Хабари дигар ин ки ягонаҳои артиши Яман утоқи амалиёту контроли амалиёти мутаҷовизони саудӣ дар ҷабҳаи Алмахоъро бо мушаки “Осиф” ҳадаф қарор доданд.

Ҳамалоти Арабистон ба Яман аз марти соли 2015 то кунун идома дорад. Дар ин муддат даҳҳо ҳазор яманӣ кушта, маҷрӯҳ ва ё овора шудаанд.