Апрел 03, 2017 21:30 Asia/Dushanbe

Масҷиде, ки саркардаи террористҳои ДИИШ нахустин бор дар он иддаои хилофат кард, дар муҳосираи комили нерӯҳои ироқӣ қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, нерӯҳои вокуниши сареъ ва пулиси иттиҳодӣ, бо контроли хиёбони Алфоруқ ва неруҳои мубориза бо терроризм бо контроли минтақаи Алзанҷирӣ, масҷиди Алнурии Мусилро муҳосира карданд.

Абубакри Бағдодӣ, саркардаи террористҳои ДИИШ дар соли 2014, дар масҷиди Алнурии Мусил барои нахустин бор зоҳир шуд ва иддаои хилофат кард.

Нерӯҳои мардумии Ироқ низ бо убур аз рӯди Даҷла ва гузар аз маҳаллаи Бодуш, масирҳои фирори ДИИШ аз ғарби Мусилро қатъ карданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳайдар ал Ибодӣ- нахуствазири Ироқ, дар дидор бо аъзои Шӯрои амнияти миллии ин кишвар, охирин марҳалаи озодии бахши Алаймани Мусилро баррасӣ кард.