Апрел 04, 2017 18:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ
    Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ

Нахуствазири Ироқ гуфт: Ироқиҳо дасти Арабистонро дар ҳамалоти террористӣ дар кишварашон мебинанд.

Ҳайдар Алъибодӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмаёдини Лубнон гуфт: Решаи ихтилофоти Бағдод-Риёз қадимӣ аст ва бештари омилони инфиҷорҳои террористӣ дар Ироқ, атбои Арабистон будаанд .

Алъибодӣ дар бораи равобити Ироқу Туркия низ гуфт: Ҳузури нерӯҳои Туркия дар хоки Ироқ, муҳимтарин монеъ барои беҳбуди равобити Бағдоду Анкара аст .

Нахуствазири Ироқ ҳузури нерӯҳои Туркия дар минтақаи Баъшиқа дар шимоли Мусилро ишғолгарӣ тавсиф кард .

Туркия аз авохири соли 2015 садҳо нерӯи низомии худро ба таври ғайриқонунӣ дар пойгоҳи Баъшиқаи Мусил, маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқ ба баҳонаи омӯзиши нерӯҳои пешмаргаи курд ва муқобила бо террористҳо мустақар кардааст .

Нахуствазири Ироқ ҳамчунин таъкид кард, ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ сирфан ба пӯшиши ҳавоӣ, омӯзиш ва ҳимоятҳои логистикӣ хулоса мешавад ва дар сафари ахираш ба Вашингтон ҳеч тавофуқе бо мақомоти амрикоӣ имзо накардааст .

 

Барчасп