Апрел 04, 2017 20:04 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар маҳалли сохти мушакҳои саммии мутааллиқ ба террористҳо дар ҳумаи Идлиби Сурия боиси масмумият ва марги теъдоде кӯдак шуд
    Инфиҷор дар маҳалли сохти мушакҳои саммии мутааллиқ ба террористҳо дар ҳумаи Идлиби Сурия боиси масмумият ва марги теъдоде кӯдак шуд

Инфиҷор дар маҳалли сохти мушакҳои саммии мутааллиқ ба террористҳо дар ҳумаи Идлиби Сурия боиси масмумият ва марги теъдоде кӯдак шуд.

Ба иттилои Алъолам, артиши Сурия имрӯз сешанбе иддаои мухолифони ин кишварро дар бораи ҳамлаи химиявӣ ба шаҳри Хон Шайхун дар устони Идлиб дар шимоли ғарби Сурия такзиб кард .

Бар асоси ин гузориш, маводи аввалия барои сохти мушакҳои ҳомили газҳои саммии мавриди истифодаи террористҳо аз марзҳои Туркия ба дасти онҳо мерасад ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хон Шайхун ба сохти ин мушакҳо машғул буданд, то аз онҳо зидди артиши Сурия истифода кунанд .

Манобеи хабарии вобаста ба террористҳо ва мухолифони Сурия бомдоди сешанбе иддао карданд, ки чанд ҷанганда шаҳри Хон Шайхун дар Идлибро бо мушакҳои ҳовии газҳои химиявӣ, ки амалкарде мушобеҳи гази саммии сарин доштааст, ҳадаф қарор додаанд .

Террористҳо ва мухолифон, ин ҷангандаҳоро мутааллиқ ба Сурия ва Русия муаррифӣ кардаанд .

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо давлати Башшор Асад, раисҷумҳури Сурияро масъули ҳамлаи химиявӣ дар ин кишвар донистааст .

Устони Идлиб ҳамакнун пойгоҳи аслии гурӯҳҳои террористӣ ва мухолифони мусаллаҳи Сурия аст, ки пас аз озодсозии шаҳрҳо аз ҷумла Ҳалаб, гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ин устон мунтақил шуданд .

 

Барчасп