Апрел 12, 2017 17:12 Asia/Dushanbe
  • Яман иддаои қочоқи силоҳи эронӣ ба ин кишварро такзиб кард

Вазири умури хориҷаи Яман дар номае ба Созмони милали муттаҳид, иддаои Арабистон мабни бар ирсоли силоҳи эронӣ ба Яманро такзиб кард.

Пойгоҳи Сабо Нет имрӯз чаҳоршанбе гузориш дод: Ҳишом Шараф, вазири умури хориҷаи Яман рӯзи сешанбе бо Ҷимми Мак Гулд Рик, ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милал дар Санъо дидор ва номаеро бо мавзуи такзиби иддаоҳои воҳии Арабистон ва ҳамдастонаш ба вай ироа кард .

Вазири умури хориҷаи Яман дар ин дидор эълом кард: Мутаҷовизон, устони Алҳадидаи Яманро минтақаи низомӣ эълом кардаанд, дар ҳоле, ки бандари Алҳадида муҳимтарин бандари Яман аст ва наздик ба 80 дарсади маҳмулаҳои ғизоӣ ва доруӣ аз ин бандар ба дасти мардум мерасад ва гузаргоҳе барои вуруди кумакҳои ҳайъатҳои башардӯстонаи фаъол дар Яман аст .

Шараф гуфт: Мутаҷовизон ба иддаои қочоқи аслиҳа ва муҳиммот ба Яман аз тариқи бандари Алҳадида дар паи тахриби ин бандар ҳастанд, дар ҳоле, ки агар ин бандар тахриб шавад, гуруснагӣ дар Яман фарогир хоҳад шуд, зеро ин кишвар таҳти муҳосираи шадиди мутаҷовизон аст .

Шараф афзуд: Иддаои қочоқи силоҳҳои эронӣ ба Яман шойиа аст ва агар мутаҷовизон мадраке дар ин хусус доранд, ироа кунанд. Вай афзуд: Ҳамагон медонанд, ки ин иддаои воҳӣ барои тавҷеҳи ҳамла ба бандари Алҳадида аст.

Ин дар ҳолест, ки каштиҳои ҳомили дору ва ғизо, ки вориди бандари Алҳадида мешаванд, тавассути нерӯҳои Созмони милал бозрасӣ мешаванд, вале мутаҷовизон иҷоза намедиҳанд, ки ба бандари Алҳадида наздик шаванд .

 

Барчасп