Апрел 19, 2017 20:40 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 30 кушта ва захмӣ дар инфиҷори Ҳалаб

Инфиҷори бомб дар маҳаллаи Салоҳиддини шаҳри Ҳалаб дар шимоли Сурия дастикам шаш куштаву 32 захмӣ барҷой гузошт.

Ба гузориши Ирно, расонаҳои сурӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом карданд, ин бомб дар масири ташйии яке аз қурбониёни даргириҳои Сурия мунфаҷир шудааст.

Бархе расонаҳои минтақа ин инфиҷорро иқдоми террористӣ донистаанд, бархе ҳам эълом карданд, ин бомб ношӣ аз маводи мунфаҷираи ҳамроҳи яке аз низомиёни сурӣ будааст. Ҳануз ҷузъиёти бештаре аз ин инфиҷор ва омори дақиқи қурбониён мунташир нашудааст .

Хабари дигар аз Сурия инки шабакаи телевизионии Алъолам гузориш дод, афроди мусаллаҳе, ки бар асоси тавофуқи миёни гурӯҳҳои террористӣ ва нерӯҳои муқовимат бояд аз Забадонӣ ва Мазоё хориҷ мешуданд, қабл аз хуруҷ аз ин шаҳр, қароргоҳҳояшонро оташ заданд.

Ҳамзамон 35 автобус бо се ҳазор сарнишин аз ду шаҳри Кафриё ва Фуа дар ҳумаи шимолии Идлиб (шимоли ғарб), ба мақсади Рошидини Ҳалаб хориҷ шуданд .

Хуруҷи 11 автобус аз шаҳри Забадонӣ, бо вуруди аҳолии Кафриё ва Фуа ба минтақаи Рошидин дар ғарби Ҳалаб ҳамроҳ будааст.

Сурия шаш сол аст, ки ба иллати ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳу террористӣ ҳамчун ДИИШ ва Ҷибҳа-Алнусра, ки аз сӯи Амрикову муттаҳидони минтақаиаш аз ҷумла Арабистон, Қатар ва Туркия ҳимоят мешаванд, бо буҳрон рӯ ба рӯст .

 

Барчасп