Апрел 27, 2017 18:19 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба фурудгоҳи байналмилалии Димишқ

Режими саҳюнистӣ таъйид кард, ҳамлаи бомдоди рӯзи панҷшанбе ба фурудгоҳи байналмилалии Димишқ, кори ин режим будааст.

Исраэл Катс-вазири иттилооти режими саҳюнистӣ дар мусоҳиба бо “Радиои Исроил” дар изҳори назаре камсобиқа таъйид кард, ки Исроил ба фурудгоҳи байналмилалии Димишқи Сурия ҳамла кардааст.

Вазири иттилооти Исроил муддаи шуд, ҳар вақт Исроил иттилооте дар бораи интиқоли таслиҳоти пешрафта ба Ҳизбуллоҳи Лубнон дарёфт кунад, иқдом хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки як манбаъи низомии сурӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Спутник, вуҷуди анборҳои аслиҳаи Ҳизбуллоҳ дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Димишқро такзиб кард ва гуфт, бархе расонаҳои ғарбӣ ва арабӣ чунин гузоришҳоеро барои тавҷеҳи таҷовузи Исроил мунташир мекунанд.

Бомдоди панҷшанбе дар як махзани сӯхт ва анбори муҳиммот дар наздики фурудгоҳи байналмилалии Димишқи Сурия инфиҷор рӯй дод, ки иллати он ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ буд.

Иттилооти аввалия ҳокӣ аз он аст, ки ин ҳамлаи мушакӣ хисороти молӣ бар ҷо гузошта ва талафоти инсонӣ надоштааст.

Пеш аз ин, чанд бор ҷангандаҳои исроилӣ дар чорчӯби ҳимоят аз террористҳо дар Сурия, манотиқи мухталиферо дар ин кишвар ҳадаф қарор додаанд.

 

Барчасп