Май 10, 2017 14:35 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии “Питзо ҳот” аз миллати Фаластин

Ширкати байналмилалии “Питзо ҳот” ба далели интишори матолиби тавҳиномез дар бораи асирони фаластинӣ, аз миллати Фаластин пӯзиш хост.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Русия ал-явм”, ин ширкат рӯзи сешанбе дар сафҳаи расмии худ дар Твиттер эълом кард: “Ин рафторҳо ба ҳеч ваҷҳ баёнгари арзишҳои бренди тиҷории мо нест ва танҳо як рафтори фардии ширкати таблиғотӣ аст, ки мо низ билофосила ҳамкории худро бо он қатъ кардем”.

Ширкати байналмилалии “Питҳо ҳот” аз ҳаводорони худ хостааст узрхоҳӣ ва таассуфи шадиди коркунони ин ширкатро бипазиранд.

Дар ҳоле ки садҳо зиндонии фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба раҳбарии Марвон Барғуси ба гуруснанишинӣ (эътисоби ғизо) даст задаанд, сафҳаи расмии намояндагии “Питзо ҳот” дар Исроил дар Твиттер муддаӣ шуд, Барғуси эътисоби ғизоии худро шикастааст.

Ҳудуди ду ҳазор асири фаластинӣ аз 17 –уми апрел, Рӯзи ҷаҳонии асирон эътисоби ғизоии номаҳдудеро бо номи “Озодӣ ва каромат” оғоз карданд.

Пас аз тавҳини “Питзо ҳот” ба асирони фаластинии дар ҳоли эътисоби ғизо, фарохонҳои густардае барои таҳрими ин ширкати байналмилалӣ эълом шуд.