Май 11, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Иттиҳодияи нависандагони африқоӣ, осиёӣ ва Амрикои Лотин аз асирони фаластинӣ

Дабири кулли Иттиҳоди нависандагони африқоӣ, осиёӣ ва Амрикои Лотин ҳимоят ва ҳамбастагии худро аз асирони фаластиние, ки дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ гуруснанишинӣ кардаанд, эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории фаластини Маъо, Муҳаммад Салмовӣ- дабири кулли ин иттиҳодия дар баёнияе эълом кард, интифозаи мардуми Фаластин дар зиндонҳо, идомаи масири расидан ба озодӣ ва амният аст.

Салмовӣ аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хост, то шеваҳои рафтори режим саҳюнистӣ бо асирони фаластинии дар зиндонҳои ин режимро маҳкум ва аз озодӣ, сабр ва истиқомати фаластинён дар рӯёрӯӣ бо таҷовузгариҳои режими Исроил дифоъ кунанд.

Вай дар баёнияи худ афзудааст, тазоҳуроти мардумӣ дар саросари Фаластин ва хориҷ аз он, нишонаи пирӯзии асирони фаластинӣ аст.

Асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ 24 рӯз аст, ки гуруснанишинии номаҳдуди худро бо номи озодӣ ва каромат дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ оғоз кардаанд.

Ҳадаф аз ин эътисоб расидан ба хостаҳое, аз ҷумла лағви зиндонҳои инфиродӣ, лағви боздоштҳои идорӣ, мулоқот бо хонавода, расидагӣ ба вазъияти беҳдошти зиндонҳо ва саломати зиндонён баргузор шудааст.