Май 14, 2017 14:54 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти 1000 хонаводаи ироқӣ дар атрофи Қирвон аз муҳосираи ДИИШ

Неруҳои басиҷи мардумии Ироқ дар амалиёти озодсозии минтақаи Қирвон дар ғарби Мусил, 1100 хонаводаи ироқиро аз муҳосираи ДИИШ наҷот доданд.

Ба гузориши ИРНА, неруҳои басиҷи мардумии Ироқ рӯзи шанбе ҳамчунин ба фосилаи се километрӣ аз маркази ал Қиравон расиданд ва чанд анбори муҳиммот ва мушакандозҳои террористҳо ва ҳамчунин худравҳои зиреҳии онҳоро кашф карданд.

Неруҳои басиҷи мардумӣ мавозеи террористҳоро дар дохили минтақаи ал Қирвон ҳадаф қарор доданд ва шуморе аз онҳоро ба ҳалокат расонд.

Ҳайдар Ал Ибодӣ-нахуствазири Ироқ, рӯзи шанбе бо ҳузур дар мақари фармондеҳи амалиёти муштарак ва баргузории ҷаласа бо фармондеҳони амалиётӣ, аз раванди пешравиҳо дар бахши ғарбии Мусил огоҳ шуд ва бар ҳифзи ҷон ва амнияти шаҳрвандон ва ғайринизомиён таъкид кард.

Фармондеҳони ироқӣ аз озодсозии беш аз 90 дарсад аз бахши ғарбии Мусил ва озодсозии комили он, то пеш аз оғози моҳи мубораки Рамазон хабар медиҳанд.

 

Барчасп