Июн 07, 2017 15:02 Asia/Dushanbe
  • Шарти Арабистон барои Қатар: қатъи равобит бо Эрон

Як рӯзномаи кувайтӣ иддао кард, ки Арабистони Саудӣ ва кишварҳое, ки равобити онон бо Қатар қатъ шудааст, барои Доҳа 10 шарт барои бозгашти равобит ба шароити оддӣ таъйин кардаанд, ки дар садри онҳо қатъи равобит бо Эрон аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, рӯзномаи “Ассиёсат” дар шумораи имрӯз- чаҳоршанбеи худ дар гузориш аз сафари амири Кувайт ба Арабистон ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, қатъи равобит бо Эрон, таваққуфи пахши барномаҳои шабакаи “Ал-Ҷазира” ва тааҳҳуди Қатар барои худдорӣ аз думбол кардани ҳар гуна сиёсати мухолифи сиёсатҳои воҳиди кишварҳои Шӯрои Ҳамкории халиҷи Форс аз ҷумлаи шароити таъйиншуда барои бозгашти равобити Арабистон, Баҳрайн, Иморот ва Миср бо Қатар ба ҳолати оддӣ аст.

Ҳамчунин ихроҷи тамоми аъзои ҷунбиши ҲАМОС ва бастани ҳисобҳои бонкӣ ва қатъи ҳамкорӣ бо онон, узрхоҳии расмӣ аз тамоми давлатҳои Шӯрои Ҳамкории халиҷи Форс, ки мавриди тавҳин ва тӯҳмати шабакаи “Ал-Ҷазира” қарор гирифтаанд ва тааҳҳуди Доҳа ба мисоқи имзошуда дар соли 2012 аз дигар шароите аст, ки дар ин замина матраҳ шудааст.

Манобеи расмии Кувайт ва Арабистони Саудӣ дар бораи мавзӯи таъйини шароит барои Қатар ва иблоғи он аз тариқи амири Кувайт ба Доҳа то кунун изҳори назар накардаанд.

Шайх Сабоҳ Ал-Ҳамд Ассабоҳ, амири Кувайт рӯзи сешанбе дар раъси ҳайати олирутба пас аз вуруд ба Ҷидда бо Салмон ибни Абдулазиз перомуни ҳаллу фасли танишҳои ахир миёни теъдоде аз кишварҳои арабӣ бо Қатар гуфтугӯ кард.

Пас аз он ки Арабистони Саудӣ, Имороти муттаҳидаи арабӣ, Баҳрайн ва Миср рӯзи душанбе аз қатъи равобити дипломатии худ бо Қатар ва эъмоли таҳримҳои мухталиф алайҳи он кишвар хабар доданд, рӯзи сешанбе кишвари Урдун аз коҳиши сатҳи равобити дипломатӣ ва Мавритания низ аз қатъи комили равобит бо Қатар хабар дод.

Ин кишварҳо иддао кардаанд, ки ҳимояти Қатар аз гурӯҳҳои террористӣ ва талош барои барҳам задани равобит миёни кишварҳои арабӣ аз муҳимтарин далоили бурузи ин буҳрон аст.

 

Барчасп