Июн 08, 2017 19:06 Asia/Dushanbe
  • Маърака дар Арабистон барои таҳрими колоҳои Туркия

Гурӯҳе аз корбарони саудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хотири ҷонибдории Туркия аз Қатар, маъракаро барои таҳрими колоҳои сохти Туркия дар Арабистон ба роҳ андохтанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии ал Олам, ин маърака чанд соат пас аз он ба роҳ афтод, ки дар парлумони Туркия тарҳи эъзоми шумори зиёде аз неруҳои турк ба як пойгоҳи низомии Туркия дар Қатар тасвиб шуд.

Дар пайи ташдиди танишҳо, кишварҳои Арабистон, Баҳрайн, Аморот ва Миср рӯзи душанбе, равобити дипломатии худ бо Қатарро қатъ карданд.

Туркия омодагии худро барои ирсоли маводи ғизоӣ ва об ба Доха низ иброз доштааст.

Ибрози омодагии Туркия барои ҳамкорӣ бо Қатар, дар пайи баста шудани ҳамаи гузаргоҳҳои марзии заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии Қатар бо Аморот ва Арабистон сурат гирифтааст.