Пешниҳоди содироти Эрон ва Русия ба Қатар
(last modified Mon, 12 Jun 2017 11:10:04 GMT )
Июн 12, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди содироти Эрон ва Русия ба Қатар

Вазири умури хориҷаи Қатар аз ироаи пешниҳоди содироти густардаи анвои маҳсулоти ғизоӣ ба ин кишвар аз тарафи Эрон ва Русия хабар дод.

Ба иттилои Ирно, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Русия 24 гуфт: Эрон ҳамонанди соири кишварҳои дӯст, ба Қатар пешниҳоди ирсоли маҳмулаҳои маводи ғизоӣ кардааст.

Вазири умури хориҷаи Қатар афзуд: Русия низ чунин кумакеро ба Қатар пешниҳод кардааст, аммо дар шароити кунунӣ зарурате барои ин мавзуъ вуҷуд надорад, зеро ниёзҳои Қатар аз тариқи чанд кишвари дигар аз ҷумла Туркия таъмин мешавад .

Абдурраҳмон Оли Сонӣ гуфт: Дар чанд соати нахусти эъломи таҳрими Қатар тавассути Арабистону Иморот, бо ҳуҷуми мардум ҳарҷу мараҷи харид эҷод шуд, аммо дар шароити кунунӣ вазъият оддӣ шудааст .

Ҷамбулат Хатуов, муовини аввали вазири кишоварзии Русия низ имрӯз эълом кард: Кишвараш омодаи содироти умдаи маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар ва таъмини ниёзҳои ин кишвар аст .

Душанбеи ҳафтаи гузашта, Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Мисри равобити худро бо Қатар қатъ карданд .

Ин кишварҳо аз Қатар хостанд, ба ҳимоятҳои худ аз ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) поён диҳад ва дар бархе масоили арабӣ бо онон ҳамоҳанг бошад .

Давлати Давҳа аммо таъкид кардааст, ба касе иҷоза намедиҳад, дар сиёсати хориҷии Қатар дахолат кунад .