Июн 13, 2017 19:05 Asia/Dushanbe

Бемории вабо дар Яман то кунун 860 нафарро қурбон карда ва бар асоси гузориши Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, беш аз 116 ҳазор нафар дар рӯйхати гирифторони эҳтимолии бемории вабо дар ин кишвар ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ба таври мутавассит ҳар соат як нафар бар асари бемории вабо ба коми марг меравад. Созмонҳои байналамилалӣ пешбинӣ кардаанд, бо идомаи вазъи феълӣ дар камтар аз чаҳор моҳ шумори мубталоён ба вабо дар Яман аз як миллион нафар мегузарад. Аз сӯйи дигар Абдулҳаким Куҳлонӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман рӯзи сешанбе гуфт, солона 75 ҳазор бемор барои дармон ба хориҷ аз кишвар эъзом мешуданд, ки ба далели муҳосираи ҳамаҷонибаи Арабистон ва муттаҳидонаш бар Яман имкони рафтани ин беморон ба хориҷ аз кишвар барои дармон вуҷуд надорад.

Арабистон бо ҳимояти Амрико аз моҳи марти соли 2015 бо ҳадафи бозгардондани Абдурраб Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат ин кишварро дар муҳосира қарор додааст. То кунун беш аз 12 ҳазор яманӣ дар ҳамалоти Арабистон ва ҳампаймононаш кушта, даҳҳо ҳазор нафар захмӣ ва миллионҳо нафар низ овора шудаанд.