Июн 14, 2017 12:28 Asia/Dushanbe
  • Парвози чаҳор ҳазор гов ба Қатар

Бурузи буҳрон байни Қатар ва дигар кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс як бозаргони қатариро бар он дошт то барои ҷуброни камбуди шири тоза 4 ҳазор сар говро ворид кунад.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алолам”, Муътаз Ал-Хайёт, раиси ширкати байналмилалии “Ҳолдинг Энержи”, ки ин говҳоро аз Австралия ва Амрико харидорӣ кардааст гуфт, барои интиқоли ин теъдод гов, ки ҳар кадом 590 кило вазн доранд, ниёз ба 60 бор парвози ҳавопаймоҳои хутути ҳавоии Қатар  аст.

 Ширкати Ал-Хайёт, ки дар заминаи сохтусоз фаъолият мекунад, қасд дошт ин говҳоро аз тариқи дарё ворид кунад, аммо таҳрими Қатар Ал-Хайётро бар он дошт то шитоби бештаре ба харҷ диҳад ва говҳоро аз роҳи ҳавоӣ ворид кунад.

Ба ин тартиб ҳазинаи ворид кардани ин говҳо ба гуфтаи Ал-Хайёт 5 баробар- муодили 8 миллион доллар шуд.

Ин бозаргони қатарӣ гуфт, тавлиди шири тоза ба ҷойи сентябр аз поёни ҳамин моҳ шурӯъ мешавад ва то миёнаҳои июл ниёзи як севуми қатариҳоро таъмин хоҳад кард.

Арабистон, Иморот ва Баҳрайн ҳафтаи гузашта равобити дипломатӣ ва тиҷории худро бо Доҳа қатъ карда ва марзҳои худро бо Қатар бастаанд ва ин иқдоми онон таъсири манфии шадиде бар вазъияти маводи ғизоӣ дар ин кишвар ба ҷой гузоштааст.

 

Барчасп