Июн 14, 2017 13:56 Asia/Dushanbe
  • Хидмати мустақими шоҳи Саудӣ ба Эрон

Як таҳлилгари исроилӣ гуфт, муҷозоти Арабистон ва кишварҳои арабии дигар алайҳи Қатар натоиҷи воруна хоҳад дошт.

Ба гузориши “Алолам”, Гои Алистер, таҳлилгари исроилӣ гуфт, иқдомоти Арабистон ба шакли мустақим ба тақвияти Эрон дар минтақа мунҷар шуда ва беҳбуди ҷойгоҳи стратегии ин кишварро ба думбол доштааст.

Алистер дар таҳлиле, ки пойгоҳи исроилии “Волоҳ” рӯзи сешанбе мунташир кард, афзудааст: “Агар буҳрони кунунӣ ва иқдомоти Арабистон ва дигар кишварҳои арабӣ алайҳи Қатар идома ёбад, метавонад ба ташкили як меҳвари минтақаии ҷадид мунҷар шавад, ки Эрону Туркияву Қатарро дар бар мегирад”.

Ба гуфтаи Алистер, агар чунин меҳваре шакл бигирад, мумкин аст кишварҳои дигаре ҳам ба он бипайванданд.

 

Барчасп