Июн 15, 2017 19:28 Asia/Dushanbe
  • Эътирофоти нахуствазири собиқи Қатар дар бораи нақши арабҳо дар буҳрони Сурия

Нахуствазири собиқи Қатар тасреҳ кард, кишварҳои ҳошияи ҷануби Халиҷи Форс ва Амрико дар Сурия муртакиби иштибоҳоте шудаанд.

Ҳамад бин Ҷосим бин Ҷобир Ол Сонӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи амрикоии “PBS” гуфт, Амрико ва кишварҳои ҳошияи ҷануби Халиҷи Форс, аз ҷумла Қатар аз тариқи ду утоқи амалиётие, ки дар Урдун ва Туркия қарор дорад дар Сурия кор мекарданд.

Нахуствазири собиқи Қатар ҳамчунин ҳимояти Вашингтон аз бархе гурӯҳҳо дар Сурияро иштибоҳ хонд.

Вай бо ишора ба хатари фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия гуфт, акнун аз ҳимоят аз ин гурӯҳҳо даст кашидаем, зеро мутаваҷҷеҳ шудаем ҳангоме, ки корашон дар Сурия ба поён бирасад ба сӯроғи мо меоянд.

Нахуствазири собиқи Қатар ҳамчунин дар бораи равобити ин кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Қатар ба талошҳояш барои доштани равобите табиӣ ва хуб бо Эрон идома медиҳад.

Ҳамад бин Ҷосим Ол Сонӣ бо ишора ба ин, ки Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ду кишвар манобеи газии муштарак бо якдигар доранд, гуфт, доштани равобити хуб бо Эрон иқдоме табиӣ ва машрӯъ аст.

Вай ҳамчунин таъкид кард, равобити Доҳа ва Теҳрон зидди Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс нест.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср панҷуми июн равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ карданд.