Ироқ: Тамоми дунёро ҳам бидиҳанд, бо Эрон душманӣ намекунем
Нахуствазири Ироқ таъкид кард, кишвараш ба ҳеч ваҷҳ бо Эрон душманӣ нахоҳад кард.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии Алфурот Ниюз, Ҳайдар Алъибодӣ шанбе шаб гуфт: Иҷоза намедиҳем, Ироқ майдони даргирии Эрону Амрико шавад ё хоки Ироқ маконе барои душманӣ бо Эрон бошад ва агар фармонравоии тамоми дунёро ба мо бидиҳанд, ё агар ваъдаи бозсозии маҷҷонии Ироқро бидиҳанд, ҳозир нестем, бо Эрон душманӣ кунем .
Алиъбодӣ ибтидо бо интиқод аз суханони Иёд Аллавӣ, ки алайҳи Эрону Қатар иброз шуда буд, гуфт: Суханони муовини раисҷумҳур қобили қабул нест ва ҷоиз нест, ки ба номи Ироқ алайҳи кишварҳои минтақа мавзеъгирии манфӣ шавад .
Аллавӣ дар Миср, Эронро ба мудохила дар умури дохилии Ироқ муттаҳам кард .
Нахуствазири Ироқ дар бораи сафари хориҷии худ ба кишварҳои Арабистон, Кувайт ва Эрон низ гуфт, ки сафараш се рӯз ба тӯл хоҳад анҷомид ва аз якшанбе шуруъ хоҳад шуд .
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ин сафарҳо иртиботе ба буҳрони эҷодшуда миёни Арабистону Қатар надорад ва аз пеш барномарезӣ шуда буд .
Нахуствазири Ироқ дар бахши дигаре аз суханони худ, ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқро ғайриқонунӣ хонду таъкид кард, ки давлати федерали Ироқ ҳечгуна ҳимоят ё мушорикате дар ин ҳамапурсӣ нахоҳад дошт ва ҷудоии Курдистон аз Ироқ бар мушкилоти курдҳо хоҳад афзуд .