Июн 20, 2017 17:42 Asia/Dushanbe

Ҷаласае, ки дар он як ҳайати саудӣ ва як ҳайати қатарӣ ҳузур доштанд, ба саҳнаи занозании аъзои ду ҳайат табдил шуд.

Ин даргирӣ пас аз он эҷод шуд, ки аъзои ҳайати саудӣ ба таъна қатриҳоро "нонхӯрҳои Муза" хитоб карданд. Гуфта мешавад, Шайха Муза, модари амири кунунии Қатар, ҳамсари амири пешини ин кишвар асолатан эронӣ аст.