Ҳузури Башшор Асад дар намози иди Фитр дар хориҷ аз Димишқ
(last modified Sun, 25 Jun 2017 14:38:54 GMT )
Июн 25, 2017 19:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Башшор Асад дар намози иди Фитр дар хориҷ аз Димишқ

Раисҷумҳури Сурия дар намози иди Фитр дар масҷиди Алнурӣ дар маркази шаҳри Ҳамоҳ дар ғарби ин кишвар ширкат кард.

Ба иттилои хабаргузории расмии Сурия Сана, Башшор Асад бо ҳузур дар масҷиди ҷомеи Алнурӣ дар шаҳри Ҳамоҳ ба ҳамроҳи Муҳаммад Абдулсаттор Алсаид, вазири авқоф, Аҳмад Бадралдин Ҳасун, муфтии Сурия, бархе аз аъзои Маҷлиси намояндагон, устондори Ҳамоҳ ва ҷамъе аз уламои динӣ ва шаҳрвандон, намози иди Фитрро ба ҷой овард.

Наҷмуддин Алалӣ, хатиб ва суханрони намози иди шаҳри Ҳамоҳ дар хутбаи пас аз намози ид гуфт: Аз муҳимтарин аҳдофи ба роҳ андохтани ҷанг алайҳи Сурия ин будааст, ки равобити миёни афроди ҷомеа аз байн биравад ва эътимоди мардуми Сурия ба якдигар зарба бихурад, аммо дар ҳангоми буҳрон, ваҳдати суриҳо тақвият мешавад.

Вай таъкид кард: Намози иди Фитр гузордани раисҷумҳури Сурия дар маркази шаҳри Ҳамоҳ, гувоҳи ин аст, ки суриҳо дар чанд қадамии пирӯзӣ қарор доранд ва амнияту сулҳ ба ҷой ҷои Сурия боз хоҳад гашт.