Ибодӣ: Кори ДИИШ дар Мавсил тамом шудааст
Соате пас аз интишори гузоришҳо дар бораи шикасти террористҳои ДИИШ дар охирин маҳаллаҳои бахши қадимии Мавсил нахуствазири Ироқ гуфт, замони эъломи озодсозии Мавсил наздик аст ва кори ДИИШ амалан тамом шудааст.
Ба гузориши ИРНА, Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ шаби душанбе гуфт, замони эъломи расмии озодии Мавсил, маркази вилояти Найнаво бисёр наздик аст ва нерӯҳои Ироқ контроли бештари манотиқи ин шаҳр ба ҷуз аз як маҳаллаи кӯчакро ба даст гирифтаанд. Ибодӣ бо ишора ба идомаи набардҳои шадиди нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Мавсил ба мардуми Ироқ ваъда дод, ки дар айёми таътилоти Иди Фитр мунтазири хабарҳои хуб ва пирӯзиҳои бузург дар манотиқи амалиёт бошанд.
Фармондеҳи артиши Ироқ шаби душанбе эълом кард, даргириҳо дар бахши қадимии Мавсил ба поёни худ наздик шудааст ва террористҳои ДИИШ танҳо дар чанд кӯчаву хона муқовимат мекунанд. Ҳамчунин бо наздик шудани замони эъломи озодии Мавсил мақомҳои низомии Ироқ таъкид мекунанд, эътилофи амрикоии зидди ДИИШ нақше дар ин пирӯзӣ надорад.