Июн 28, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Қатар: Хостаҳои Арабистон аз Доҳа бояд қобили иҷро бошад

Вазири умури хориҷаи Қатар дар дидор бо ҳамтои амрикоии худ бори дигар иттиҳомоти Риёз алайҳи Доҳаро беасос хонд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ сешанбешаб пас аз дидор бо Рекс Тиллерсон дар Вашингтон хотирнишон кард, он чи Арабистон ва муттаҳидонаш алайҳи Қатар ироа карданд, танҳо иддаоҳои бепоя ва асос аст ва ба онҳо дархост наметавон гуфт.

Вазири умури хориҷаи Қатар афзуд, Доҳа ва Вашингтон бар сари ин ки дархостҳои Арабистон ва ҳампаймононаш аз Қатар бояд ақлонӣ бошад, иттифоқи назар доранд.

 Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистон рӯз сешанбе таъкид кард, ҳеҷ музокирае бо мақомҳои Доҳа дар бораи феҳристи дархостҳое, ки Арабистон ва ҳампаймононаш барои оддисозии равобит бо Қатар доранд, сурат нахоҳад гирифт.

 Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн рӯзи ҷумъа феҳристи 13 -гонае аз дархостҳоро ба Қатар таҳвил доданд ва эълом карданд, оддӣ шудани равобит бо Доҳа ба шарти амалӣ шудани ҳамаи ин хостаҳо аст.

 Муҳимтарин шартҳое ки Арабистон ва ҳампаймононаш барои Қатар таъйин кардаанд, шомили қатъи равобити дипломатии ин кишвар бо Эрон ва Ҳизбуллоҳ, таътили комили шабакаи “Ал-Ҷазира” ва барчидани пойгоҳи низомии Туркия аз хоки Қатар аст.

Арабистон ва ҳампаймононаш ба Қатар 10 рӯз фурсат додаанд то ба ин шартҳои 13 -гона барои оддисозии равобит посух диҳад.

 

Барчасп