Июн 28, 2017 13:57 Asia/Dushanbe
  • Талоши Моссад барои тавсеаи амалиёти ҷосусӣ

Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) аз таъсиси як сандуқи сармоягузорӣ дар ҳавзаи фановариҳои бартар (Ҳой Тек) барои пешбурди амалиёти ҷосусии худ хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, дафтари Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки Моссад ба таври мустақим аз вай дастур мегирад, эълом кард, сандуқи сармоягузории фановариҳои бартари мавсум ба “Либертод” дар тарҳҳои пажӯҳишӣ ва таҳқиқотии ширкатҳои фановариҳои нав сармоягузорӣ хоҳад кард.

Рамзгузории иттилоот бо суръати 100 гигабайт бар сония бо истифода аз равишҳои ғайрисуннатӣ ва пешгом, аз муҳимтарин мавориди мавриди таъкиди хадамоти ҷосусии режими саҳюнистӣ аст.  

 Моссад ҳамчунин дар назар дорад дар заминаи технологии шиносоии худкори ҳуввият сармоягузорӣ кунад.

Бар асоси ин технология мушаххасоти афрод шиносоӣ ва фаъолияту рафторҳои онҳо дар интернет мушаххас мешавад.

 Моссад ҳамвора дар пайи ҷазби ҷосус дар риштаҳои мухталиф ва густариши фанновариҳои худ аст ва то кунун чандин террор сурат додааст.

Ба навиштаи пойгоҳи интернетии “Қудс пресс”, созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ дар сӣ соли ахир дастикам 16 раҳбари фаластинӣ ва арабиро дар 14 амалиёт дар 11 кишвари ҷаҳон террор кардааст.

 

Барчасп