Июл 01, 2017 18:56 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии барномаи иттилорасонии муқобила бо ҷиноёти Саудӣ дар Твиттер

Бо идомаи ҳамалоти мутаҷовизони Саудӣ ба шаҳрҳо, марокизи дармонӣ ва омӯзишӣ дар Яман, шумори зиёде аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ, барномаи иттилоърасонии «муқобила бо ҷиноёти Саудӣ дар Яман» -ро дар шабакаи Твиттер роҳандозӣ карданд.

       Ба гузориши ИРНА, садҳо тан аз корбарони шабакаи Твиттер бо роҳандозии барномаи (маърака) иттилоърасонии муқобила бо таҷовузи режими Саудӣ ба ҳокимияти сарзамини Яман, хоҳони расидагии ҳуқуқӣ ва қазоии маҷомеи байналмилалӣ ба ҷангафрӯзиҳои Оли Сауд дар Яман шуданд.

  Дар ҳамин хусус, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ахиран эълом кард, шумори қурбониёни вабо дар Яман ба беш аз 900 нафар расидааст.

   Режими Саудӣ бо ҳимояти Амрико ва бо сукути Созмони Милал, аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар ба баҳониа бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат кардааст.

   Ин таҷовузи низомӣ ба кушта шудани беш аз 12 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазо нафар, овора шудани миллионҳо яманӣ ва вайронии зерсохтҳои ин кишвар мунҷар шудааст.

  Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ карда ва боиси паҳншавии бемориҳои мутааддид шудааст.

 

 

Барчасп